Нобудии як гурӯҳи террористӣ дар ҷанубу шарқи Эрон
Сентябр 28, 2018 18:20 Asia/Dushanbe
Неруҳои қароргоҳи Қудси неруи заминии Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ дар амалиёте муваффақ дар шаҳристони Саровон дар устони Сиистону Балучистон (ҷанубу шарқи Эрон) як гурӯҳи террористиро пароканда карданд ва чаҳор террористро ба ҳалокат расонданд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин тими террористӣ аз хоки кишвари ҳамсоя қасди ҳамла ба посгоҳҳои марзии Ҷумҳурии Исломии Эрон доштанд.
Ин гурӯҳи террористӣ субҳи ҷумъа бо ҳушмандии неруҳои амалиётии Сипоҳи Посдорон дар минтақаи марзии Саровон нобуд карда шуд.
Дар амалиёти муваффақи неруи заминии Сипоҳи Посдорон ҳамчунин ду террорист захмӣ ва бақияи террористҳо ба хоки кишвари ҳамсоя гурехтанд.
Барчасп