Ноябр 04, 2018 17:24 Asia/Dushanbe
  • Тими футболи соҳилии Эрон дар садри қораи Осиё ва севуми ҷаҳон

Тими футболи соҳилии Эрон дар ҷадидтарин радабандии тимҳои футболи соҳилии ҷаҳон, унвони аввали қораи Осиё ва рутбаи севуми ҷаҳонро ба худ ихтисос дод.

Дар ҷадидтарин радабандии тимҳои футболи соҳилии ҷаҳон дар моҳи октябр 2018, тими Эрон бидуни тағйир нисбат ба моҳ қабл (сентябр) дар радаи севуми ҷаҳон ва нахусти Осиё қарор дорад.

Бар асоси ин радабандӣ, тимҳои футболи соҳилии Бразилия, Португалия, Эрон ва Италия дар радаҳои аввал то чаҳоруми ҷаҳон истоданд.

Дар байн тимҳои осиёӣ низ тимҳои Эрон, Япония ва Иморот ба тартиб дар радаҳои аввал то севум қарор доранд.

 

Барчасп