Руҳонӣ: Давлат бо кумаки мардум дар пайи пешрафти Эрон аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i39594-Руҳонӣ_Давлат_бо_кумаки_мардум_дар_пайи_пешрафти_Эрон_аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, барномаҳои давлатро бархоста аз ниёзи мардум донист ва гуфт: Давлат бо кумаки мардум, ба дунболи сарбаландӣ ва пешрафти Эрон аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 20, 2018 09:08 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Давлат бо кумаки мардум дар пайи пешрафти Эрон аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, барномаҳои давлатро бархоста аз ниёзи мардум донист ва гуфт: Давлат бо кумаки мардум, ба дунболи сарбаландӣ ва пешрафти Эрон аст.

Ҳасани Руҳонӣ душанбешаб дар ҷамъи баргузидагони иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва мазҳабии устони Озарбойҷони ғарбӣ дар шимолу ғарби Эрон, гуфт: Имрӯз, танҳо рӯзи озмоиши давлат нест, балки рӯзи озмоиши миллати Эрон аст ва умедворем бо таваккул ба Худо, баҳрамандӣ аз роҳнамоиҳои Раҳбари муаззами инқилоб, аз ин озмоиши таърихӣ сарбаланд хориҷ шавем.

Руҳонӣ бо ишора ба сафари ахири раиси ҷумҳури Ироқ ба Теҳрон гуфт: Ироқ тамоюли бисёре барои эҷоди минтақаи озоди тиҷорӣ ва иқтисодии муштарак бо Эрон дорад ва ду кишвар дар талошанд ҳаҷми мубодилоти худро то 20 миллиард доллар дар сол афзоиш диҳанд.

Раиси ҷумҳурии Эрон бо ишора ба равобити дерини Эрон бо кишварҳои Ироқ, Туркия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт: Робитаи Эрон бо ҳамсоягонаш марбут ба имрӯз ва дирӯз нест ва нисбатҳои динӣ, қавмӣ ва забонӣ сарнавишти миллатҳои минтақаро бо ҳам гиреҳ задааст.

Ӯ бо ишора ба зерсохтҳои фаннӣ ва неруи инсонии мутахассис дар ҳавзаи беҳдошт ва дармони Эрон, ин арсаро заминае ҳамвор барои тавсиаи гардишгарии саломат дар минтақа ва ҷаҳон унвон кард.