Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Тавтиаҳои ахири Амрико зидди миллати Эрон шикаст хоҳад хӯрд
(last modified Fri, 07 Dec 2018 12:51:41 GMT )
Декабр 07, 2018 17:51 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Тавтиаҳои ахири Амрико зидди миллати Эрон шикаст хоҳад хӯрд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт: Тамоми тавтиаҳои Амрико зидди миллати Эрон, то кунун шикаст хӯрда ва ин кишвар масири завол ва нобудиро тай мекунад.

Оятуллоҳ Муҳаммадалии Муваҳҳиди Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон, бо ишора ба «Рӯзи донишҷӯ» (16 озар) ва нақши Амрико дар куштори донишҷӯёни эронӣ дар соли 1953 тавассути режими паҳлавӣ, афзуд: Амрико дар тамоми ҷиноятҳо зидди миллати Эрон аз солҳои гузашта то кунун, чӣ ба сурати мустақим ва ё ғайримустақим, дахолат доштааст, кишваре, ки бо наслкушӣ ва куштори бумиёни амрикоии сурхпӯст, шакл гирифтааст.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон, ба ҷиноёти Амрико дар бомбаборони атомии Ҳерошима ва Нагасакии Япония ва ҷиноят дар зиндони Гуантанамо ва Абуғурайб дар Ироқ ишора ва тасреҳ кард: Ин ҷиноёт дар ҳоле аст, ки Амрико ҳамчунон худро муддаӣ ва мудофеи ҳуқуқи башар ва демократия дар ҷаҳон медонад.

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ гуфт: Бо вуҷуди тамоми тавтиаҳои Амрико зидди Эрон, Вашингтон рекорддори шикаст дар муқобили миллати Эрон буда ва тавтиаҳои ахири ин кишвар зидди Эрон, аз ҷумла афзоиши таҳримҳо шикаст хоҳад хӯрд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин буҳрони Яманро озмуни сахти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус Амрико ва Ғарб донист ва афзуд: Куштори бераҳмонаи мардуми Яман тавассути режими Оли Сауд ва баъзе аз кишварҳои арабии минтақа, нишон дод иддаои ҳимояти Амрико ва Ғарб аз ҳуқуқи башар дурӯғ ва фиребе беш нест.