Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Имзои 170 санад байни Эрону Тоҷикистон нишон аз умқи равобити ду кишвар аст
(last modified 2016-09-13T15:27:35+00:00 )
Сентябр 13, 2016 20:27 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Имзои 170 санад байни Эрону Тоҷикистон нишон аз умқи равобити ду кишвар аст

Сафири Эрон дар Душанбе гуфт, имзои 170 санаду 20 сафари руасои ҷумҳуриҳои Эрону Тоҷикистон тайи 25 сол нишон аз умқи равобити ду кишвар аст.

Нашрияи «Миллат» дар гуфтугӯ бо Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанбе навишт, Эрону Тоҷикистон ду кишвари дорои фарҳанги муштарак ду хешованде маҳсуб мешаванд, ки дар ояндаи наздик равобити онҳо бо ҳам наздиктар мешавад.

Фағонӣ дар посух ба саволи ин нашрия дар мавриди ин ки Эрон нахустин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати худро дар он ҷо ифтитоҳ кард, гуфтааст, ҳамзабонӣ, фарҳангу дини муштарак байни ду миллат танҳо бархе аз муҳимтарин авомили барқарории ин пайванду тавсеа будааст. Ӯ идома додааст, пас аз истиқлоли Тоҷикистон беш аз 170 санад байни ду кишвар ба имзо расидааст, ки самараи садҳо дидору сафари мутақобили мақомоти эронӣ ва тоҷик будааст.

Сафири Эрон дар Душанбе изҳор доштааст, президентҳои ҳарду кишвар наздик ба 20 бор аз Эрону Тоҷикистон дидор кардаанд ва даҳҳо иҷлосу комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии байни ду кишвар баргузор шудааст. Эрону Тоҷикистон ҳамвора дар маҷомеи байналамилалӣ ва минтақаӣ аз якдигар ҳимоят кардаанд.

Ба қавли Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ, Эрон пешгомтарин кишвар дар шурӯи ҳамкорӣ бо Тоҷикистони мустақил буда, аввалин сармоягузориҳоро дар ин кишвар анҷом дод. Дар рӯзҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ натанҳо сафири Эрон ин кишварро тарк накард, балки дар канори бародарону хоҳарони тоҷики худ истод ва кӯшид, ба барқарор кардани сулҳу оштии миллӣ дар ин кишвари ҳамреша ва хешованд кӯмак кунад. Фағонӣ идома додааст, дар бахши кӯмакҳои иқтисодӣ Эрон ҳамвора яке аз шарикони бузурги тиҷорию иқтисодии Тоҷикистон буда, аз аввалин кишварҳое аст, ки дар бунёди лоиҳаҳои бузург барои тавсеа ва ободонии ин кишвар мушорикат намудааст: бунёди нақби стратегии "Истиқлол", ки кӯмаки муассире ба барқарории иртиботи ҳамешагии манотиқи шимолӣ ва ҷанубии Тоҷикистон кардааст, нерӯгоҳи 220-мегаваттии "Сангтӯда-2", таъсиси бемористони замонавии Ибни Сино, эҷоди шӯъбаи Бонки тиҷорат ва Кафолатбонк дар Душанбе, бунёди ҷода ва пулҳо, таъсиси корхонаҳои тавлиди мошинолот, назири корхонаи муштараки тракторсозии "ИрТоҷ" ва корхонаҳои тавлиди маводи ширию хӯрокворӣ аз ҷумлаи онҳост. Вай афзуд, насби системаҳои рӯшноӣ, ҳавокаш ва сӯхторхомушкунӣ дар нақби "Истиқлол", пайгирии лоиҳаҳои роҳбурдии роҳи оҳани панҷҷониба бо мушорикати кишварҳои минтақа ва мушорикат дар лоиҳаҳои садсозию баргузор шудани ёздаҳумин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар ояндаи наздик аз барномаҳои иқтисодии мавриди пайгирӣ аст.

Фағонӣ дар идома бо ишора ба ҳамкории Эрону Тоҷикистон дар бахши фарҳангӣ гуфтааст, равобити Эрону Тоҷикистон қобили муқоиса бо ҳеҷ кишваре нест. Зеро ду кишвари мазкур, дар канор Афғонистон се кишвар порсизабони ҷаҳон ҳастанд, ки илова ба доштани забони муштарак дорои гузаштаи таърихию тамаддуни ягона мебошанд. Эрон дар кӯмак ба ривоҷи фарҳанги ниёкон, омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон кӯмаки муассире кардааст.

Сафири Эрон дар Душанбе дар идома таъкид кардааст, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таъбири зебое дар бораи Тоҷикистон доранд, ки умқи пайвандҳои ду кишварро нишон медиҳад. Эшон равобити моро аз ҷинси «равобит хешовандӣ» унвон мекунанд.

 Сафири Эрон унвон кардааст, бояд равобити ду кишварро аз ин манзар ҷудо ва таҳлил кард. Табиӣ аст, хешовандон, ҳатто агар дар равобити худ дучори фарозу нишеб ҳам шаванд, ба сӯйи ҳам хоҳанд бозгашт ва наметавонанд ин робитаро канор бигузоранд. "Албатта, хушбахтона, равобити мо ҳамвора раванди рӯ ба рушд доштааст. Имзои беш аз 170 санади ҳамкорӣ ва қариб 20 дидори руасои ҷумҳурии ду кишвар аз якдигар ба хубӣ гӯёи ин амр аст". Ӯ афзудааст, Тоҷикистон барои Эрон як пойгоҳи сиёсию фарҳангӣ ва як поёнаи иқтисодӣ дар минтақа аст ва Эрон низ барои Тоҷикистон як шарики роҳбурдӣ дар шикастани бунбасти коммуникатсионӣ ва тавсеаи арзишҳои муштараки фарҳангию эҷоди баробарии сиёсӣ аст.

Сафири Эрон дар посух ба саволи ин нашрия мабнӣ бар ин ки ба назар мерасад, Тоҷикистон дар барномаҳои ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ аз ҷойгоҳи муҳиме бархурдор нест, дар ҳоле ки дар даврони ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажод сиёсати Теҳрон дар қиболи Душанбе мутафовит буд, афзудааст: "Аз ин савол тааҷҷуб мекунам. Сиёсати давлат дар ҳоли ҳозир тадбири умеди ҳамкориҳо бо тамоми кишварҳои дунё аст ва чӣ гуна раисҷумҳури Эрон метавонад ба кишвари ҳамфарҳангу дорои як таърих бетафовут бошад?".

Ӯ идома додааст, сафари таърихии доктор Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон қаринкунандаи сарони Созмони Ҳамкорҳои Шонгҳой, ифтитоҳи чархаи дувуми нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими савгандёдкунии раисҷумҳур доктор Рӯҳонӣ нишон дод, ки ду давлат аз ҳамон ибтидо ба якдигар эътимод доштаанд.

Сафири Эрон дар Душанбе изҳор дошт, эҳсоси камтаваҷҷуҳии ҳукумати Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон бинобар ҷиддан машғул будани Ҳукумати Эрон бо баҳси музокироти БАРҶОМ буд, ки дар ҳоли рафъи мушкилоти эҷодшуда дар ин масир ва иттифоқан натиҷаҳои он музокирот заминасози тасҳилу густариши робитаҳои Эрону Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа дар гоми баъдӣ хоҳад буд.

Фағонӣ дар посух ба ин савол, ки "дар оянда равобити Тоҷикистону Эронро чӣ гуна тасаввур мекунед?" афзудааст, "ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои мухталиф дар оянда равшан аст ва ҳамон гуна ки қаблан тавзеҳ додам, равобит хешовандӣ алорағми ҳама фарозу фурудҳояш ҳамеша пойдор аст ва ба таъбири зебои шумо, тоҷикон ин равобит ҳукми "гӯшту нохун"-ро дорад; қобили ҷудоӣ нест".

 

Барчасп