Эрон кишваре нест, ки дигарон барои он шарт таъйин кунанд
Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо радди хабарҳои марбут ба таъйини шартҳо аз сӯйи Аврупо барои роҳандозии канали вижаи молии “Эс Пи Ви” изҳор дошт: Эрон кишваре нест, ки дигарон барои он шарт таъйин кунанд.
Қосимӣ рӯзи якшанбе дар баёнияе дар бораи кашолкории Иттиҳоди Аврупо дар роҳандозии канали вижаи молии ин иттиҳодия бо Эрон хотирнишон кард, Эрон илзоман аз як канал ва созукор пайравӣ накарда ва корҳои мухталифе анҷом додааст ва хушбахтона дар шароити нисбатан матлубе қарор дорад.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар айни ҳол ибрози умедворӣ кард, ки Аврупо бо вуҷуди ин ки натавонистааст дар вақти муайяншуда бастаи худ ё ҳамон канали вижаи молиро расман эълом кунад, битавонад ҳамчунон дар ин масир ҳаракат ва ба тааҳҳудоташ амал кунад.
Баҳси роҳандозии созукори молӣ байни Эрон ва Иттиҳоди Аврупо пас аз хуруҷи Амрико аз БарҶом ва бо исрор ва алоқамандие, ки дар бештари кишварҳои ҷаҳон ва ба хусус се кишвари аврупоӣ (Олмон, Англия ва Фаронса) дар боқӣ мондани Эрон дар БарҶом вуҷуд дошт, шакл гирифт.
Интизор мерафт, ин маханизми молӣ то қабл аз моҳи ноябр, ки марҳалаи дувуми таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида алайҳи Эрон аз сар гирифта шуд, эҷод шавад, аммо ин созукор тавассути Иттиҳоди Аврупо амалӣ нашудааст.
Акнун ин суол матраҳ мешавад, ки чаро Аврупо дар эҷоди канали молӣ аз худ заъф нишон медиҳад ва оё далели ин тааллул сирфан тарс аз таҳримҳои Амрико аст? Эс Пи Ви (special purpose vehicle), системае аст, ки бо ҳадафи идомаи ҳамкории тиҷории Иттиҳоди Аврупо бо Эрон ҳатто бо вуҷуди таҳримҳои Амрико тарроҳӣ шудааст. Ҳадафи ин созукор эҷоди канали молӣ ба унвони ҷонишини СВИФТ ва бо ҳазфи доллар аз мубодилот аст. Ба наҳве ки ширкатҳои аврупоӣ битавонанд бидуни истифода аз каналҳои марсуми молии байналмилалӣ, ҳам бо Эрон доду ситад карда ва ҳам машмули таҳримҳо ва муҷозотҳои сангини Амрико набошанд. Аммо то кунун ҳеҷ кишваре мизбонии Эс Пи Ви - ро ба ӯҳда нагирифтааст.
Сарфи назар аз вобастагии иқтисодии Аврупо ба Амрико, бархе нозирони сиёсӣ муътақиданд, Аврупо низ ба гунае ба дунболи ҳамон аҳдофи Амрико дар тасаррии музокироти чандҷониба ба масоили мушакӣ ва минтақаӣ аст. Суханони чанде қабли раисҷумҳури Фаронса ишорае ошкор ба ҳамин мавзеъ дорад.
Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса моҳи октябр дар мусоҳиба бо Франс 24 гуфта буд: “Иҳота кардани Эрон бо як сиёсати илзомовар, ҳамон чизе аст, ки ман ҳамвора бар он таъкид дорам. Барои ман роҳбурд бо Эрон бар чаҳор мабно аст, ҳифзи тавофуқи ҳастаӣ, тавони мудирияти фаъолияти ҳастаии Эрон пас аз соли 2025 (поёни БарҶом), контроли фаъолияти мушакҳои баллистикии Эрон ва тавони муқобила бо нуфузи Эрон дар минтақа”.
Доктор Абдурризо Фараҷирод, сафири собиқи Эрон дар Норвегия муътақид аст, бо таваҷҷуҳ ба гузашти чандин моҳ аз хуруҷи Трамп аз БарҶом, агар сирфан мушкил ба мабоҳиси фаннии ин маханизм марбут буд, бояд то имрӯз ҳал мешуд. Аммо адами эҷоди СВИФТ –и евроӣ метавонад далоилӣ сиёсӣ дошта бошад.
Амалкарди Аврупо боис шуда ин овоза эҷод шавад, ки ин созукори молӣ дар ояндаи наздик қобили дастёбӣ нест. Ҳатто бархе бар ин ақидаанд, ки аврупоиҳо дар пайи гузаронидани вақт ва нигаҳ доштани Эрон бар тааҳҳудоти БарҶом ҳастанд. Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон аммо гуфтааст, ки бидуни таъмини манофеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар БарҶом, имкони идомаи ин вазъият вуҷуд надорад.
Бинобар ин, агар масъалаи Аврупо сирфан фишорҳои Амрико бошад, бояд умедвор буд, ки битавонад муқобили ин фишорҳо аз ҳувияти аврупоии худ дифоъ кунад. Зеро Эрон кишваре нест, ки дигарон барои он шарт таъйин кунанд.
-
Авоқиби мавзеъгирии мунфаилонаи Иттиҳодияи Аврупо ба хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ
-
Таъкиди Амано бар пойбандии Эрон ба иҷрои тааҳҳудоташ дар БАРҶОМ