Январ 05, 2019 15:52 Asia/Dushanbe
  • Сафари муовини вазири умури хориҷаи Эрон ба Афғонистон

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон барои гуфтугӯ бо мақомоти Афғонистон вориди Кобул шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз (шанбе) бо Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳурӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Афғонистон, Салоҳуддин Раббонӣ, вазири умури хориҷаи ин кишвар ва Идрис Замон, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Афғонистон дидор хоҳад кард.

Пайгирии умури кории кумитаҳои панҷгонаи Эрон ва Афғонистон барои имзои санади ҷомеи ҳамкориҳои ду кишвар ва музокироти сулҳ бо гурӯҳи Толибон аз муҳимтарин меҳварҳои музокироти Ироқчӣ бо мақомоти Афғонистон хоҳад буд.

Ин дувумин сафари муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон ба Кобул дар се моҳи ахир аст.

Баъд аз сафари ахири Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои Олии амнияти миллии Эрон ба Кобул ва дидор бо мақомҳои олирутбаи Афғонистон, ҳайате аз Толибон дар Теҳрон бо ҳайати эронӣ ба раёсати Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон музокира кард.

 

Барчасп