Таъкиди Ҳинд ба воридоти нафт аз Эрон
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҳинд бар лузуми воридоти нафти ин кишвар аз Эрон таъкид кард.
Ба гузориши рӯзи шанбеи ИРНА, Равиш Кумар дар гуфтугӯ бо хабарнигорон эълом кард, бо вуҷуди таҳримҳои Амрико зидди Эрон, Ҳинд барои таъмини ниёзи худ ба энержӣ, ба воридоти нафт аз Эрон идома медиҳад.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҳинд афзуд, Ҳинд дар ростои дастёбӣ ба амнияти энержӣ, иртиботи худро бо кишварҳои мухталиф ҳифз мекунад.
Ин суханони сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҳинд ду рӯз пас аз таҳдиди Амрико дар хусуси вазъи таҳримҳои шадидтар зидди Эрон баён шуд.
Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико аз кишварҳои мухталиф хоста буд, ки хариди нафт аз Эронро коҳиш диҳанд.
Амрико ҳаштуми майи соли 2018 бо хуруҷ аз Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БарҶом) бори дигар таҳримҳои худ зидди Эронро эъмол ва таҳдид кардааст, ҳар кишвареро, ки ба хариди нафт аз Эрон идома диҳад, таҳрим хоҳад кард.
Пайравӣ накардани бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, азҷумла Чин, Русия, Ҳинд ва Туркия аз таҳримҳои Амрико ва мухолифат бо он, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро маҷбур ба ақибнишинӣ аз бархе таҳримҳо кард.
Саранҷом Амрика ба Чин, Ҳинд, Италия, Юнон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Тайван ва Туркия муофиятҳои муваққатӣ дод то битавонанд ба хариди нафти Эрон идома диҳанд.