Cафари Зариф ба Ироқ. Нигоҳи роҳбурдӣ ба равобити ду кишвари ҳамсоя
Дидори имрӯзи Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон аз Ироқ дар шароити кунунии минтақа ва бо таваҷҷуҳ ба сатҳи олии равобити ду кишвар дидорест ҳоизи аҳамият. Зарифро дар сафари рӯзи якшанбе ба Ироқ ҳайати олирутбае аз масъулони сиёсӣ, иқтисодӣ, фаъолони тиҷорӣ ва мудирони даҳҳо ширкати корофарини давлатию хусусӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дидор бо мақомҳои Ироқӣ, ширкат дар ҳамоиши тиҷории муштараки Эрон ва Ироқ дар чанди шаҳри Ироқ, бавижа Карбало ва Сулаймония аз ҷумлаи барномаҳои вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сафар ба Ироқ аст.
Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ироқ дар ҳама бахшҳо, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳатто дифоӣ ва амниятӣ рӯ ба тавсеа ва афзоиш аст. Ин афзоиши ҳамкориҳо дар сатҳи роҳбурдӣ қарор дорад ва далели роҳбурдӣ будани он зарфиятҳои хубе аст, ки миёни ду кишвар вуҷуд дорад. Дар ин чорчӯб раҳбарони ду кишвар барои тавсеаи ҳамкориҳо бо вуҷуди бархе мавонеъ мусаммам ҳастанд ва коршиканиҳои Амрико натавонистааст монеъ аз ин равобити роҳбурдӣ гардад.
Дар шароити феълӣ аҳдоф ва манофеи муштараки Эрону Ироқ вуҷуд дорад. Мавзӯи мубориза бо терроризм аз заминаҳое аст, ки сатҳи ҳамкориҳо байни Теҳрону Бағдодро ба самти ҳамкориҳои роҳбурдии амниятӣ савқ додааст. Илова бар ин мавориди вуҷуди марзҳои муштарак ва гузаргоҳҳои марзӣ, вуҷуди амокини муқаддас дар ду кишвар ва фурсатҳо барои кумак ва мушорикат дар созандагии баъд аз ҷанг ба Ироқ аз дигар заминаҳоест, ки метавонад ҳамкориҳои ду ва чандҷонибаро тавсеа диҳад.
Дар шароити кунунӣ ва бо оғози давраи ҷадиди фаъолияти давлати Ироқ авлавияти ҳамкориҳо тавсеаи фаъолиятҳои иқтисодӣ дар ҳама ҳавзаҳост. Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки имрӯз Ироқ ниёз ба воридот дорад ва Эрон беҳтарин масири транзит барои ин кишвар аст. Ироқ ҳамчунин ниёзманд ба воридоти барқ ва сӯхт аст, ки Теҳрон дар ин замина низ метавонад кумак кунад. Илова бар ин маворид дар масъалаи судури хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ низ Эрон омодагии интиқоли таҷрибаи худ ба Ироқро дорад. Аммо мавзӯи дигари ҳоизи аҳамияти сафарҳои зиёратӣ дар ду кишвар, бавижаи барпоии оини бошукӯҳи роҳпаймои бузурги “Арбаин” аст. Бар асоси оморҳои ироашуда, наздик ба 10 миллион аз шаҳрвандони ду кишвар ҳарсола барои зиёрат ва саёҳат ба Эрон ва Ироқ сафар мекунанд. Масъалаи муҳити зист низ аз ҷумла мавзӯоте аст, ки аз кӯтоҳмуддат то баландмуддат дар парвандаи ҳамкориҳои ду кишвар матраҳ хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, иртиқои ҳамкориҳои сиёсии миёни ду кишвар дар мавзӯоти минтақаӣ, ҷаҳони Ислом ва дар арсаи байналмилалӣ низ бисёр ҳоизи аҳамият аст, зеро Эрону Ироқ ба дунболи кумак ва эҷоди сулҳу амнияти минтақаӣ ҳастанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори охири Барҳам Солеҳ, раисҷумҳури Ироқ ва ҳайати ҳамроҳ аз Эрон таъкид карданд: "Ироқи азиз, қавӣ, мустақил ва пешрафта барои Эрон бисёр муфид аст ва мо дар канори бародарони ироқии худ хоҳем буд." Раҳбари муаззами инқилоб хотирнишон карданд, масъулони ҷумҳурии исломӣ барои густариши ҳамкорӣ бо Ироқ бисёр мусаммам ва муҳкам ҳастанд.
Бо чунин пуштувонае аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳама тавон ва қудрат омодагӣ дорад, то дар канори давлату миллати Ироқ бошад. Бешак, акнун замони тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни Эрон ва Ироқ аст ва аҳамияти ин мавзӯъ камтар аз ҳамкориҳои гузашта нест. Сафари вазири умури хориҷии Эрон ба Ироқро мебоист дар ҳамин чорчӯб ва аз нигоҳи роҳбурдӣ ба равобити ду кишвар арзёбӣ кард.