Ҷаҳонгирӣ: Агар Эрон ба Ироқ ва Сурия кумак намекард, террористҳо дар минтақа ҳукумат доштанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41263-Ҷаҳонгирӣ_Агар_Эрон_ба_Ироқ_ва_Сурия_кумак_намекард_террористҳо_дар_минтақа_ҳукумат_доштанд
Муовини аввали раисҷумҳури исломии Эрон, кумаки Теҳрон ба Бағдод ва Димишқро сабаби нобудии гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқ ва Сурия донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 27, 2019 14:30 Asia/Dushanbe
  • Ҷаҳонгирӣ: Агар Эрон ба Ироқ ва Сурия кумак намекард, террористҳо дар минтақа ҳукумат доштанд

Муовини аввали раисҷумҳури исломии Эрон, кумаки Теҳрон ба Бағдод ва Димишқро сабаби нобудии гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқ ва Сурия донист.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, Муовини аввали раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Гурӯҳҳои террористӣ ба дунболи куштори мардум дар кишварҳои минтақа ба хусус Ироқ ва Сурия буданд ва агар кумаки Эрон набуд, имрӯз гурӯҳи террористии ДИИШ дар минтақа ҳукумат ва давлат дошт.

Ҷаҳонгирӣ ҳамчунин бо мурури рӯйдодҳои таърихии 40 соли гузашта дар Эрон ва минтақа афзуд: Эрон як ҷанги таҳмилии ҳаштсоларо пушти сар гузошт ва дар минтақа низ ҳануз осори ҷанги бузурги Халиҷи Форс, ки амрикоиҳо ва кишварҳои минтақа анҷом доданд, ошкор аст.