Ҳамос: Ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ нақзи ошкори оташбас аст
-
Ҷунбиши Муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос)
Порс Тудей — Ҷунбиши Муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ташдиди ҳамлаҳои режими саҳюнистиро ба манотиқи мухталифи Навори Ғазза маҳкум кард ва онро нақзи сареҳи тавофуқоти ахир ва қавонини байналмилалӣ донист.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, ҷунбиши Ҳамос дар баёнияе эълом кард: «Ташдиди ҳамлаҳои артиши ҷинояткори ишғолгари саҳюнистӣ алайҳи шаҳрвандон дар Навори Ғазза ва бомбаборони маҳаллаҳои Ад-Дараҷ ва Аз-Зайтун дар шаҳри Ғазза ва минтақаи Ал-Мавосӣ дар ғарби Хонюнус, ки мунҷар ба шаҳодат ва маҷрӯҳ шудани теъдоде аз ҳамватанон шудааст, нишондиҳандаи исрори душман бар нақзи тавофуқи оташбаси имзошуда дар Шарм-ул-Шайх ва дар ростои истимрори ҷанги наслкушӣ алайҳи миллати мо дар Навори Ғазза аст».
Дар бахши дигаре аз ин баёния омадааст: «Режими ишғолгар, ҷиноятҳои ваҳшиёнаи худ алайҳи мардуми моро таҳти пӯшиши тавофуқи оташбас идома медиҳад, дар ҳоле ки бо ҳеҷ вокуниши боздорандае дар қиболи ин нақзи тавофуқот ва қавонини байналмилалӣ ва башардӯстона рӯбарӯ нашудааст».
Ҳамос афзуд: «Давлати Амрико ва ҳомиёни он бояд барои маҳори ишғолгарон фавран иқдом ва онҳоро мулзам ба таваққуфи таҷовузот алайҳи ғайринизомиёни бегуноҳ дар Навори Ғазза кунанд».
Ин ҷунбиши фаластинӣ дар поёни ин баёния тасреҳ кард: «Мо аз Созмони Милал ва ниҳодҳои он ва дар раъси онҳо Шӯрои Амният мехоҳем, ки мавозее иттихоз кунанд, ки ҳифозат аз миллати Фаластинро тазмин карда ва монеи саркашии мошини куштори саҳюнистӣ алайҳи ғайринизомиёни фаластинӣ шавад».