Изҳороти Сайидҳасан Насруллоҳ дар чиҳилсолагии инқилоби исломӣ
(last modified Thu, 07 Feb 2019 09:38:08 GMT )
Феврал 07, 2019 14:38 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти Сайидҳасан Насруллоҳ дар чиҳилсолагии инқилоби исломӣ

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҷашни чиҳилсолагии инқилоби исломӣ, ки дар ҷануби Бейрут баргузор шуд, зимни табйини бархе аз дастовардҳои инқилоби исломии Эрон, ба талош ва иқдомҳои муштараки Амрико, Исроил ва Арабистон барои муқобила бо инқилоби исломӣ ишора кард.

Инқилоби исломии Эрон дастовардҳои муҳиме тайи чиҳил соли гузашта доштааст, ки Сайидҳасан Насруллоҳ ба ду дастоварди сиёсӣ ишора кард.

-Яке аз муҳимтарин дастовардҳои инқилоби исломӣ тайи чиҳил соли гузашта истиқлол дар ҳар ду арсаи сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ аст. Ба лиҳози дохилӣ, ҳеҷ қудрати хориҷӣ дар чиниши қудрат дар Эрон мудохилае надорад ва ҳеҷ мақоме барои расидан ба курсии қудрат ба ҷалби ҳимояти хориҷӣ рӯй наёвардааст. Ба лиҳози хориҷӣ, ҳеҷ бозигари хориҷӣ на танҳо дар тасмимгирии хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дахолате надорад, балки ҳеҷ қудрате низ наметавонад хостаҳо ва аҳдофи худро бар давлати Эрон таҳмил кунад. Ин мавзуъ дар суханронии шаби гузаштаи Сайидҳасан Насруллоҳ ба унвони нахустин дастоварди инқилоби исломӣ матраҳ шуд. Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, Эрон аз маъдуд кишварҳои ҷаҳон аст, ки дар тасмим ва иродаи миллии худ мустақил аст ва далели аслии вазъи таҳримҳо алайҳи Эрон низ ин аст, ки Эрон кишваре мустақил ва соҳиби тасмим аст.

-Яке дигар аз дастовардҳои инқилоби исломии Эрон, аҳамият доштани раъйи мардум ва мардумсолорӣ аст. Тайи чиҳил соли гузашта 35 интихобот дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд. Ин иттифоқ дар ҳоле аст, ки дар муҳити минтақаии Ховари Миёна асосан интихобот барои ағлаби кишварҳо маъное надорад ва ҳуккому давлатмардон бар асоси орои мардумӣ интихоб намешаванд, балки қудрат моҳияти хонаводагӣ ва хонадонӣ дорад. Сайидҳасан Насруллоҳ дар ин хусус низ бо таъкид бар ин ки инқилоби Эрон аз рӯзи аввал бинои кишварро бар ҳокимияти мардум гузошт, гуфт, дастовардҳои интихоботи Эрон ҳаргиз ва ҳатто дар тӯли ҷанги таҳмилӣ ҳам мутаваққиф нашуд.

Сайидҳасан Насруллоҳ дар суханронии шаби гузаштаи худ ба иқдомҳо ва талошҳои сегонаи Амрико, Исроил ва Арабистон барои муқобила бо инқилоби исломӣ ишора кард. Яке аз ин иқдомҳо, тақобули андешаӣ бо инқилоби исломӣ аст. Дар воқеъ, яке аз илали аслии рӯйкарди тақобулӣ бо инқилоб исломии Эрон, андешаи нав ва ҷадиди ин инқилоб аст. Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ин хусус ба эътирофи валиаҳди Саудӣ ишора кард ва гуфт, Муҳаммад бин Салмон эътироф кард, ки Вашингтон аз ӯ хостааст баробари андешаи Имом Хумайнӣ (раҳ), ваҳҳобиятро интишор диҳад.

Яке дигар аз меҳварҳои суханронии Сайидҳасан Насруллоҳ, эҳтимоли ҳамлаи Исроил ва Амрико алайҳи Эрон буд. Мақомҳои исроилӣ ва амрикоӣ ҳар аз гоҳе Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳамлаи низомӣ таҳдид мекунанд. Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пас аз ин ки давлати Трамп марҳалаи аввали таҳримҳоро алайҳи Эрон бозгардонд, сареҳан фармуданд: “Ҷанг нахоҳад шуд”.

Сайидҳасан Насруллоҳ низ шаби гузашта таъкид кард, ки имкони ҷанги Исроил алайҳи Эрон муддатҳост, ки вуҷуд надорад.

Меҳвари поёнии суханони дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон тавоноии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои гузор аз чолишҳои пешорӯ, бахусус таҳримҳо буд. Сайидҳасан Насруллоҳ хирадмандии раҳбари инқилоб, сабри мардум дар муқобили мушкилотро ду омили муваффақияти Эрон дар гузор аз ин чолишҳо унвон кард ва гуфт, уфуқи муқобили мо пирӯзии муқовимат аст.