Бозтоби роҳпаймоии бисту дувуми баҳман дар расонаҳои Афғонистон
(last modified Tue, 12 Feb 2019 04:48:45 GMT )
Феврал 12, 2019 09:48 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби роҳпаймоии бисту дувуми баҳман дар расонаҳои Афғонистон

Роҳпаймои миллионии миллати Эрон ба муносиби чиҳилумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон дар расонаҳои Афғонистон бозтоби густурдае дошт.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо” аз Кобул, шабакаи телевизионии “Тулӯъ нюс”, ки пурбинандатарин шабакаи хабарии Афғонистон ба шумор меравад, эълом кард, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар маросими чиҳилумин солрӯзи пирӯзии Инқилоби Исломӣ таъкид кард, Теҳрон дар баробари фишорҳои иқтисодӣ ва сиёсии Вашингтон хоҳад истод. Рӯҳонӣ гуфт, ҷумҳурии исломӣ барои тавлиди мушак аз касе иҷоза намегирад. Ин шабакаи телевизионӣ афзуд, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон низ мушакҳои баллистикии худро дар масирҳои роҳпаймоӣ ба намоиш гузошт.

Хабаргузории “Садои афғон” низ бо ишора ба ширкати пуршӯри миллати Эрон дар роҳпаймоии чиҳилумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон эълом кард, Ҷашни чиҳилсолагии Инқилоби Исломӣ бошукӯҳтар аз ҳамеша баргузор шуд. Ин хабаргузорӣ афзуд, ба рағми таблиғоти манфии душманон алайҳи низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳпаймоии Ҷашни чиҳилсолагии Инқилоби Исломӣ бо ҳузури ақшори мухталифи мардуми Эрон дар Теҳрон ва соири шаҳрҳои Эрон баргузор шуд.

Дигар шабакаҳои телевизионии Афғонистон низ дар пахшҳои хабарии худ ба ҳузури миллионии мардум дар роҳпаймоии бисту дувуми баҳман ва изҳороти раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохтанд.