Феврал 14, 2019 11:05 Asia/Dushanbe
  • Посухи сахт дар интизори омилони ҷинояти террористии Систон ва Балучистон

Муовини ҳамоҳангкунандаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Омилони ҳамлаи террористии Систон ва Балучистон монанди қабл ҷавоби сахте аз посдорони инқилоби исломӣ дарёфт мекунанд.

Генерал Алии Фадавӣ дар бораи ҳамлаи террористӣ дар устони Систон ва Балучистон, ҷануби шарқи Эрон, изҳор кард: Ҷавоб ба ин ҳамла дар саҳнаи посдорӣ аз инқилоби исломӣ ба ҷуғрофиёе, ки марбут ба худи Эрон ҳаст, маҳдуд нест ва марбут ба ҷуғрофиёи инқилоби исломӣ аст.  

Вай гуфт: Посухҳои ин ниҳоди мардумӣ ба террористҳо бо сахттарин ваҷҳи мумкин ҳамроҳ буда ва ин бор ҳам монанди қабл душманон ҷавоби бисёр сахте аз сипоҳ дарёфт мекунанд.

Чаҳоршанбе шаб  як автобуси ҳомили размандагони ғаюри ислом, ки пас аз итмоми маъмурияти марзбонӣ аз минтақа озими шаҳрҳои худ буданд, дар ҷоддаи Хош-Зоҳидони устони Систон ва Балучистон тавассути мошини интиҳории террористҳои такфирӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифт.

Дар ҷарёни ин ҷинояти террористӣ токунун 27 тан аз размандагони ғаюри ислом шаҳид ва 13 нафар маҷрӯҳ шуданд.

 

Барчасп