Феврал 18, 2019 15:52 Asia/Dushanbe
  • Аз ҳам пошондани  хонаи тимии авомили террористии Систон ва Балучистон

Равобити умумии кулли сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоияе аз шиносоӣ ва аз ҳам пошондани хонаҳои тимии авомили ҷинояти террористии Систон ва Балучистон, ҷануби шарқи Эрон хабар дод.

Ба гузориши ИРНО; Равобити умумии кулли сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоияе эълом кард, неруҳои амниятии Эрон шомгоҳи якшанбе дар амалиёте сариъ ва муқтадирона чандин хонаи тимиӣ дар Саровон ва Хош, ки бархе авомили ҷинояти ахири террористӣ дар он истиқрор ёфта буданд, шиносоӣ, муталошӣ ва террористҳои мустақар дар онро дастгир карданд.

Ин иттилоъия меафзояд, дар ин амалиёт, се нафар аз террористҳо дастгир, 150 килограм маводи омодаи таркиш ва 600 килограм маводи таркишӣ дар ҳоли сохт ва миқдоре силоҳ ва муҳиммот низ кашф шуд.

Равобити умумии кулли сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ин иттилоия бо ишора ба инки террористҳои дастгиршуда ҳамон авомиле буданд, ки худрави таркишии омили ҷинояти террористии ахир дар ҷоддаи Хош-Зоҳидонро таҳия, ҳидоят ва пуштибонӣ кардаанд, таъкид кард: иқдомоти сипоҳи посдорон дар пайгирии сарнахҳо барои интиқоми қатъӣ ва комил аз ҳастаи марказии гуруҳаки омили ин ҷиноят, идома дошта ва интизор аст бо ҳамкории давлат ва артиши Покистон ин амр ба суръат амалисозӣ шавад.

Чаҳоршанбе шаб (13 феврал) як дастгоҳ автобус ҳомили марзбонони Эрон дар ҷодаи Хош-Зоҳидон дар вилояти Систон ва Балучистон ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳамла 27 нафар аз ҳофизони марзҳои Эрон шаҳид ва 13 нафар захмӣ шуданд.

Гуруҳаки террористии мавсум ба "Ҷайшул зулм" масъулияти ин ҳамларо баръуҳда гирифт.

Барчасп