Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Сафари Башор Асад ба Теҳрон, намоиши иқтидори Эрон буд
(last modified 2019-03-01T12:26:17+00:00 )
Март 01, 2019 17:26 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Сафари Башор Асад ба Теҳрон, намоиши иқтидори Эрон буд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон сафари раиси ҷумҳурии Сурия ба Теҳронро рӯйдоди таърихӣ, беназир ва намоиши қудрат ва иқтидори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа тавсиф кард.

Оятуллоҳ Муҳаммадалии Муваҳҳидии Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон, ба сафари Башор Асад раиси ҷумҳурии Сурия ба Теҳрон ишора кард ва гуфт: Ин сафар дар садри ахбори маҳофили сиёсии ҷаҳон қарор гирифт ва собит кард, ки бо вуҷуди иддаои ишрофи иттилоотӣ ва ҷосусии этилофи амрикоӣ ва ғарбиҳо дар минтақа, низоми Сурия аз субот ва иқтидори кофӣ бархурдор аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон тасреҳ кард: Сафари Башор Асад ба Теҳрон паёми равшане низ ба режими Исроил ва муттаҳидони Амрико дар минтақа дошт, ки ҳузури мусташории Эрон дар Сурия идома хоҳад дошт ва фишорҳои ҳамаҷонибаи Амрико ва муттаҳидонаш таъсире дар ин бора надорад.

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ афзуд: Раиси ҷумҳурии Сурия, истиқлол, иззати сурияиҳо ва равобити роҳбурдӣ бо Эронро бо пул муовиза накард ва ҳамчунон хоҳони тақвияти равобити иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон, ҳамчунин бо ишора нишасти зиддиэронии Варшава дар Полша, гуфт: Ин нишаст ба изъони худи амрикоиҳо, аз ибтидо низ шикастхӯрда буд ва ҳузур наёфтани кишварҳои ғарбӣ ин нишастро беэътибор кард.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон, таъкид кард: Қудрати Амрико намоишӣ аст ва ин кишвар дар миёни ҳампаймонони худ низ эътиборе надорад.

 

Барчасп