Таъкиди дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бар интиқом аз авомили ҳодисаи террористии Хош
(last modified 2019-03-03T12:48:08+00:00 )
Март 03, 2019 17:48 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бар интиқом аз авомили ҳодисаи террористии Хош

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт, интиқом аз мусаббабони ҳодисаи террористии ҷодаи Хош – Зоҳидон дар дастури кор аст.

13-уми феврал як автобуси ҳомили марзбонони Эрон дар ҷодаи Хош – Зоҳидон, дар устони Сиистон ва Балучистон ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳамла 27 нафар аз ҳофизони марзҳои Эрон шаҳид ва 13 нафари дигар аз онҳо захмӣ шуданд. Гурӯҳаки террористи мавсум ба "Ҷайшуладл" масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт.

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи якшанбе дар ҳошияи дувумин ҳамоиши миллии "Таърихи шифоҳии Эрон" дар ҷамъи хабарнигорон ва дар посух ба саволе дар бораи натиҷаи ҷаласоти Шӯрои олии амнияти миллӣ барои интиқом аз мусаббабони ҳодисаи террористии ҷодаи Хош – Зоҳидон гуфт, давлати Покистон мутааҳҳид аст, ки амнияти марзҳои худашро дар ҷилавгирӣ аз вуруди нерӯҳои зидди инқилоб тазмин кунад. Шамхонӣ дар бораи ҳузури мусташории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Сурия низ гуфт, ҳузури Эрон дар Сурия мубтанӣ бар дархости давлати ин кишвар аст. Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар меҳвари суботсозӣ ба даъвати давлати Сурия ва дар ҷиҳати кумак ба мардуми Сурия ба ин кишвар рафта ва он ҷо мустақар аст ва то замоне ки давлати Сурия бихоҳад, ин ҳузур идома пайдо хоҳад кард.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ дар бораи тавони мушакии Эрон ҳам гуфт, Теҳрон дар иртибот бо бурд, қудрати тахриб, диққат ва омодасозии сареъ, ки 4 меҳвари тавонмандсозии мушакӣ аст, бо ҳеҷ кас мушовара намекунад ва аз ҳеҷ кишваре низ иҷоза намегирад.

 

Барчасп