Март 07, 2019 11:08 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: рафтори Амрико бо мардуми Эрон ҷинояти зиддибашарият аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, рафтори амрикоиҳо дар таҳримҳои доруӣ мисдоқи ҷинояти зиддибашарият аст.

Ҳасани Руҳонӣ чаҳоршанбе шаб дар ҷаласаи тавсеъа ва баргузидагони вилояти Гилон тасреҳ кард: ҳукумати Амрико ба дуруғ иддао мекунад, ки фақат бо низом ва ҳукумати Эрон мушкил дорад ва ин иддао як дуруғи бешармона аст; онон ҳатто барои сохти як маркази доруӣ барои мардуми Эрон фишор ворид мекунанд.

Раиси ҷумҳури Эрон кореро, ки ҳукумати Амрико бо мардуми Эрон анҷом медиҳад, фаротар аз таҳрим ва ҷинояти зиддибашарият донист ва гуфт, мушкили онон БАРҶОМ ва музокироти ҳастаӣ нест.

Руҳонӣ хотирнишон кард, имрӯз амрикоиҳо бо ҳамаи миллатҳо мушкил доранд ва бар мардуми Яман, Венесуэла ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва ҳатто дӯстони худ фишор меоваранд.

Раиси ҷумҳури Эрон изҳор кард, ҳукумати Амрико зоҳиран аз озори дигарон лаззат мебарад ва ифтихорашро ин медонад, ки аз таъаҳудҳои байналмиллалӣ ба роҳатӣ хориҷ мешавад ва ин бо мантиқ, ақл ва сиёсат созгор нест.

Руҳонӣ гуфт, ҷамоате, ки имрӯз дар Амрико сари кор аст танҳо бо миллати Эрон мушкил надорад, балки дунёи имрӯз гирифтори он шудааст.

Раиси ҷумҳури Эрон таъкид кард, дунё рӯзгори сахтеро сипарӣ мекунад; ба гунае ки ҳатто сарони аврпуоӣ аз таъбирҳои ба маротиб тундтаре зидди ҳукумати Амрико истифода мекунанд.

 

Барчасп