Март 09, 2019 13:57 Asia/Dushanbe
  •  Таъкиди Cозмони милал бар зарурати ҳифзи БАРҶОМ

Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) дар 14 июли 2015 миёни Эрон ва гурӯҳи 5+1 ҳосил шуд. Ин тавофуқ аз 16 январ 2016 иҷроӣ шуд. Давлати Амрико аз нахустин рӯзҳои иҷроӣ шудани БАРҶОМ коршиканиҳо дар иҷрои он ва талош барои костан аз мазиятҳои иқтисодии Эрон аз БАРҶОМ-ро оғоз кард.

Бо рӯйи кор омадани Доналд Трамп дар Амрико ин коршиканиҳо шиддат гирифт ва ӯ борҳо таҳдид кард, кишваршро аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ хоҳад кард. Трамп саранҷом сешанбе 8 майи 2018 ба таври якҷонба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон зайли БАРҶОМ кишварашро аз ин тавофуқи байналамилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Ба гуфтаи Ричард Соколский коршиноси сиёсӣ, раиси ҷумҳурии Амрико дар рӯйкарди эъломи ҷадиди худ мабни бар хуруҷ аз БАРҶОМ ва муқобила бо Эрон дар минтақа, аҳдофи воқеъбинона ва стратегияи мушаххасе надорад.

Бо вуҷуди хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ, аммо дигар тарафҳои ин тавофуқи муҳими байналамилалӣ бар ҳифзи он таъкид мекунад. Рӯйкарди зидди-БАРҶОМ-ии Вашингтон мавриди қабули аъзои гурӯҳи 4+1, яъне Русия, Чин, Олмон, Фаронса, Биритониё ва Иттиҳодияи Аврупо нест.

Cозмони милал низ ба унвони бузургтарин ва муҳиммтарин ниҳоди байналмилалӣ, ки вазифаи ҳифзи сулҳ ва амнияти ҷаҳониро низ бар ӯҳда дорад, борҳо ҳимояти худ аз БАРҶОМ-ро эълом карда ва бар зарурати ҳифзи БАРҶОМ таъкид кардааст.

Дар ин росто Мария Фернанда Эспиноса раиси маҷмаи умумии Cозмони милали муттаҳид рӯзи ҷумъа 8 март "БАРҶОМ"-ро ҳосили тавофуқи ҷамъӣ донист ва таъкид кард, ҳама бояд ба ин тавофуқи байналамилалӣ пойбанд бошанд.

Ба гуфтаи вай, ҳама бояд ба мавориде, ки имзо кардаанд, эҳтиром гузошта ва аз он ҳимоят кунанд. Раиси маҷмаи умумии Cозмони милал ҳамчунин рӯйкарди Иттиҳодияи Аврупо дар баробари БАРҶОМ-ро мусбат арзёбӣ кард ва гуфт: Аврупоиҳо хоҳони ҳифзи БАРҶОМ ҳастанд.

Эъломи мавзеи ҷадиди Cозмони милал дар бораи БАРҶОМ, ба манзилаи муҳри таъйиди дигаре бар рӯйкарди Эрон дар заминаи ин тавофуқи ҳастаӣ ба шумор меравад.

Изҳорот ва мавзеъгириҳои мақомоти давлатҳо ва ниҳодҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ҷомеа ҷаҳонӣ мухолифи рӯйкарди ғайримантиқӣ ва зиёдаталабонаи Трамп дар бораи эъмоли ислоҳоти мадди назари вай дар БАРҶОМ ё хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ аст.

Трамп дар 26 сентябри 2018 бо ҳузур дар нишасти Шӯрои амният аз тамоми аъзои ин шӯро хост, ки бо Амрико ҳамкорӣ кунанд ва тазмин кунанд, ки ба иддаои вай Эрон ҳаргиз ба бомбаи ҳастаӣ даст пайдо накунад. Аммо бо вуҷуди интизори Трамп аъзои доим ва ғайридоими Шӯрои амният бар алайҳи мавзеи Амрико дар қиболи БАРҶОМ мавзеъгирӣ карда ва ҳамаи онҳо каму беш хоҳони ҳифзи БАРҶОМ ба унвони тавофуқе, ки дар хидмати сулҳ ва амнияти байналмилалӣ аст, шуданд.

Дар воқеъ поибандии Теҳрон ба БАРҶОМ, ки борҳо дар чорчуби гузоришҳои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ мавриди таъйид қарор гирифта, имкони ҳар гуна баҳонаҷӯӣ аз ҷониби шарикони аврупоии Вашингтонро салб карда ва ба ҳамин далел Олмон, Фаронса, Биритониё ва Иттиҳодияи Аврупо, ки ҳифзи БАРҶОМ-ро дар чорчуби манофеи амниятии Аврупо талаққӣ мекунанд, талош кардаанд, то бо ироа ва иҷрои роҳкорҳое монанди иҷрои қонунҳои масдудкунанда ва низ созукори вижаи молӣ бо Эрон, заминаи тадовуми ҳузури Эрон дар БАРҶОМ-ро фароҳам кунанд.

Ба ин тартиб ҳатто шарикони аврупоии Вашингтон низ эътироф доранд, ки рӯйкарди зидди-БАРҶОМ-ии Трамп бар хилофи тааҳҳудоти пазируфташуда аз сӯи Амрико дар давраи раёсати ҷумҳурии Барак Обама дар чорчуби қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Cозмони милал ва низ бар хилофи асли мусаллами ҳуқуқи байналмилал, яъне лузуми ифои тааҳҳудоти пазируфташуда аз сӯи давлатҳо аст.

 

Барчасп