Март 12, 2019 13:00 Asia/Dushanbe
  • Имзои панҷ санади ҳамкории муштарак байни Эрон ва Ироқ

Бо ҳузури Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон ва Одил Абдулмаҳдӣ нахуствазири Ироқ, панҷ санад ва ёддошти тафоҳуми ҳамкории муштараки байни мақомҳои баландрутбаи ду кишвар дар Бағдод ба имзо расид.

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати саноъат, маъдан ва тиҷорати Эрон ва Вазорати тиҷорати Ироқ, ёддошти тафоҳуми эҳдоси прожаи роҳи оҳани Басра-Шаламча, ёддошти тафоҳуми осоншудани  гирифтани виза барои сармоягузорон, тоҷирон ва бозаргонон, ёддошти тафоҳуми ҳамкории муштарак дар заминаҳои муртабит бо саломат ва тафоҳумномаи ҳамкории муштарак байни Вазорати нафти Эрон ва Вазорати нафти Ироқ панҷ санади ҳамкорӣ буд, ки вазирон ва масъулони ду кишвар дар ҳузури Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон ва Одил Абдулмаҳдӣ нахуст вазири Ироқ ба имзо расонданд.

Раиси ҷумҳури Эрон рӯзи душанбе дар садри як ҳайъати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди Бағдод пойтахти Ироқ шуд.

Ҳасани Руҳонӣ асри  душанбе дар кохи нахуствазирии Ироқ мавриди истиқболи расмии  Одил Абдулмаҳдӣ қарор гирифт.

Барчасп