Ифтитоҳ ва ё оғози амалиёти иҷроии 33 прожаи зербиноӣ ва иқтисодӣ дар устони Бушеҳр
Март 18, 2019 10:28 Asia/Dushanbe
33 тарҳ ва прожаи зербиноӣ ва иқтисодӣ дар устони Бушеҳр дар ҷануби Эрон бо ҳузури раиси ҷумҳури Эрон ва ба сурати видео конфронс, ифтитоҳ ва ё амалиёти иҷроии онҳо оғоз шуд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсат ҷумҳурӣ, Ҳасани Руҳонӣ асри рӯзи якшанбе дар ҷаласаи шурои идории устони Бушеҳр дастури ифтитоҳи 22 прожа ва оғози амалиёти иҷроии 11 прожаи иқтисодӣ ва зербиноӣ дар ҳавзаҳои мухталиф, роҳу шаҳрсозӣ, энержӣ ва неру, гардишгарӣ, кишоварзӣ, саноат ва маъдан ва варзиширо содир кард.
Дар ҳамин ҳол ҳамзамон бо сафари раиси ҷумҳури Эрон ба устони Бушеҳр бо ҳузури вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, 47 тарҳи беҳдоштӣ ва дармонӣ ифтитоҳ ё амалиёти иҷроии онҳо дар ин устон оғоз шуд.