Вокуниши тунди раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ба баёнияи Бон Ки Мун+филм
(last modified 2016-07-20T15:02:14+00:00 )
Июл 20, 2016 20:02 Asia/Dushanbe

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон аз баёнияи Созмони милал дар бораи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ба шиддат интиқод кард.

Ба гузориши ИРНА, Алии Лориҷонӣ дар ҷаласаи ошкори рӯзи чаҳоршанбеи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, дар вокуниш ба баёнияи ахири дабири кулли СММ дар бораи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон гуфт: "Иқдомоти озордиҳанда дар муқобили тавофуқи ҳастаӣ ба нуқтае расида, ки роҳе ҷуз муқобила барои Эрон боқӣ намондааст".

Бон Ки Мун, дабири кулли СММ дар гузорише ба Шӯрои амният, озмоиши мушакҳои боллистикии Эронро нақзкунандаи рӯҳи тавофуқи ҳастаӣ миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ донистааст. Дар ҳоле ки ҷумҳурии исломӣ борҳо эълом кардааст, ки барномаи мушакиаш комилан ҷанбаи дифоӣ дорад ва барои ҳамли кулоҳакҳои ҳастаӣ тарроҳӣ нашуда ва иртиботе ҳам ба БАРҶОМ надорад. 

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба ҷиноёте ки дар Яман ва Сурия иттифоқ меафтад, афзуд: "Вазифаи дабири кулли СММ ин аст ки бо зери фишор қарор додани ҳомиёни ин ҷиноёт, ҷангро дар минтақа мутаваққиф кунад".

Лориҷонӣ таъкид кард, дабири кулли СММ барои мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ низ бояд иқдоми ҷиддӣ ва амалӣ анҷом диҳад.

 

Барчасп