Апрел 12, 2019 17:07 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Иқдоми Амрико алайҳи Сипоҳ, нақзи қавоиди байналмилалӣ аст

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт: Иқдоми хасмона ва аҳмақонаи Амрико алайҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки як ниҳоди расмӣ ва неруи низомии як кишвар аст, бо усул ва қавоиди байналмилалӣ муғоират дорад.

Оятуллоҳ Муҳаммадалии Муваҳҳидии Кирмонӣ, ки либоси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бар тан дошт, дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон, бо маҳкум кардани иқдоми Амрико дар гунҷондани номи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар феҳристи гурӯҳҳои ба истилоҳ террористӣ афзуд: Ин иқдоми Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико авзои минтақаи ғарби Осиёро печидатар мекунад.

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ бо баёни инки ҳамаи мардуми ҷаҳон медонанд Амрико эҷодкунандаи терроризм аст, тасреҳ кард: Мухолифати кишварҳои ҷаҳон бо иқдоми Амрико алайҳи Сипоҳи посдорон нишон медиҳад, ки ин иқдоми Вашингтон низ бенатиҷа хоҳад буд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба далели асабонияти Амрико аз Сипоҳи посдорон изҳор кард: Ин ниҳоди мардумӣ бо шикасти террористҳои дастпарвардаи Амрико дар минтақа, боиси муҳаққақ нашудани сиёсатҳои Вашингтон дар минтақаи ғарби Осиё шуд.

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ бо баёни инки шикастҳои Амрико дар минтақаи ғарби Осиё Трампро девона кардааст, гуфт: Сафари махфиёнаи Трамп ба Ироқ дар декабри 2018, нишон медиҳад, ки Амрико дар минтақа хору залил шудааст.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо таъкид бар инки Сипоҳи посдорон монанди кӯҳи устувор аз дастовардҳои инқилоби исломӣ муҳофизат мекунад, хотирнишон кард: Сипоҳи посдорон бо қудрати мушакии худ метавонад ҳар замон ирода кунад, Телавивро бо хок яксон кунад.

 

Барчасп