Апрел 12, 2019 18:46 Asia/Dushanbe
  • Баъидинажод: Артиши Амрико ҷуръати иҷрои дастури Трамп алайҳи Сипоҳро надорад

Сафири Эрон дар Англия бо ишора ба иқдоми Амрико зидди Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард: Артиши Амрико ҷуръати иҷрои дастури Кохи Сафед алайҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро надорад.

Ҳамиди Баъидинажод сафири Эрон дар Англия дар гуфтугӯ бо шабакаи "CNN", ки шомгоҳи панҷшанбе мунташир шуд, афзуд: Артиши Амрико агар дастуроти Кохи Сафедро дар бораи террористӣ будани Сипоҳи посдорон иҷро кунад, ин ниҳоди инқилобӣ интиқоми сахте аз онон хоҳад гирифт. Баъидинажод бо баёни ин ки тасмими Амрико зидди Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, эрониёнро муттаҳидтар кард, гуфт: Тасмимҳои иштибоҳи Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико натиҷаи баръаксе дорад.

Сафири Эрон дар Англия дар бораи талоши Амрико ва муттаҳидонаш дар минтақаи Ғарби Осиё барои инзивои Теҳрон низ изҳор кард: Эрон дар ҳоли ҳозир дар вазъияти муносибе барои ҳамкорӣ дар минтақа қарор дорад ва ҳамкориии Теҳрон бо Ироқ, Афғонистон, Покистон ва соири кишварҳо дар минтақа, нишонгари ин мавзӯъ аст.

Давлати Амрико рӯзи 8 апрели 2019 дар идомаи иқдомоти зиддиэронӣ ва сиёсати фишор бар неруҳое, ки дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, Вашингтонро дар пешбурди аҳдофаш дар минтақа ноком гузоштаанд, тарҳи изофа кардани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба феҳристи созмонҳои ба истилоҳ "террористӣ"-и худро эълом кард.

Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар вокуниш ба ин иқдоми Амрико, неруҳои низомии ин кишвар дар минтақаи ғарби Осиё (Сентком) ва тамоми неруҳои вобаста ба онро "гурӯҳи террористӣ" муаррифӣ кард.

 

Барчасп