Раҳбари муъаззами инқилоб: равобити Эрон ва Покистон бар хилофи майли душманон бояд тақвият шавад
(last modified 2019-04-22T16:09:00+00:00 )
Апрел 22, 2019 21:09 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муъаззами инқилоб: равобити Эрон ва Покистон бар хилофи майли душманон бояд тақвият шавад

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ, иртиботи миллатҳои Эрон ва Покистонро иртиботе қалбӣ ва амиқ баршуморданд ва таъкид карданд, равобити ду кишвар барағми душманиҳо бояд ҳарчи бештар мустаҳкам ва тақвият шавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ  асри душанбе дар дидори Имрон Хон нахуст вазири Покистон ва ҳайъати ҳамроҳ, масоили амниятӣ дар марзҳои ду кишварро муҳим хонданд ва афзуданд, гуруҳҳои террористӣ, ки омили ноамнӣ дар марзҳо ҳастанд бо пулу силоҳи душманон тағзия мешаванд ва яке аз аҳдофи ҳаракатҳои зидди амниятӣ дар марзҳои Эрон ва Покистон, олуда кардани равобити ду кишвар аст.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба решаҳои таърихии иртибототи ду миллат хотирнишон карданд, авҷи иззат ва шукуҳи нимақораи Ҳинд дар даврони ҳукумати мусалмонон бар он будааст ва бузургтарин зарбаи истеъморгарони англисӣ ба ин минтақаи муҳим нобуд кардани тамаддуни барҷастаи исломӣ дар он буд.

Ишон ҳамчунин бо ташаккур аз кумакҳои давлати Покистон дар сели ахир дар Эрон оғози сафари Имрон Хон ба Эрон аз Машҳад ва зиёрати ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Али ибни муса Ризо (а)-ро нишонае хуб баршуморданд ва ибрози умедворӣ карданд бо инояти он ҳазрат ин сафар барои ҳарду кишвар муфид ва созанда бошад.

Имрон Хон нахуст вазири Покистон ҳам дар ин дидор бо баёни инки бархе намехоҳанд равобити Теҳрон ва Исломобод бо якдигар наздик шавад хотирнишон кард, талош мекунем равобити ду кишвар мустаҳкамтар аз қабл шавад ва бо давлати Эрон дар тамоси мустамар хоҳем буд.

Нахуст вазири Покистон ҳамчунин бузургтарин ғорати сарвати Ҳиндро марбут ба давраи ҳузури Англия дар ин кишвар хонд ва афзуд, англисиҳо ҳамаи сарвати Ҳиндро ғорат карданд, низоми омӯзишии онро нобуд ва Ҳиндро ба унвони мустаъмараи Ҷавоҳирнишон номгузорӣ карданд.