Рунамоӣ аз тарҷумаи баёноти имом Хумайнӣ (раҳ ) ва мақоми муъаззами раҳбарӣ ба забони арабӣ
(last modified 2019-05-04T05:12:35+00:00 )
Май 04, 2019 10:12 Asia/Dushanbe
  • Рунамоӣ аз тарҷумаи баёноти имом Хумайнӣ (раҳ ) ва мақоми муъаззами раҳбарӣ ба забони арабӣ

Китоби Ал адолаҳ ва Ал мусовот шомили баёноти имом Хумайнӣ (раҳ) ва Назми Амрикум аз баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба забони арабӣ дар намоишгоҳи байналмиллалии китоби Теҳрон ,рунамоӣ шуд.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи Ир Но Судоба Малойирӣ мудири бахши Африқо- арабии Созмони фарҳангӣ ва иртибототи исломӣ гуфт; Аладолаҳ ва Алмусовот аз силсила дарсҳое бо мавзуъоти тарбиятӣ ва корбурдӣ аз баёноти имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон аст,ки ба ҳимати Ройзании фарҳангии Эрон дар Ироқ ва бо мушорикати муасисот ва ноширони иронӣ мунташир шуд.

Малойирӣ дар тавзеҳи китоби Назми Амрикум баргирифта аз баёноти ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ низ тасриҳ кард; дар ин китоб, зарурати кори ташкилотӣ ва осор ва баракоти он, шохисҳо ва боядҳои ташкилоти мувафақи инқилобӣ, офатшиносӣ, вазоифи мудир ва аъзои ташкилотӣ баён шудааст.

Мудири кули бахши Африқо арабии Созмони фарҳангӣ ва иртибототи исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба рунамоӣ аз китоби  Ҳозо Қоидӣ ба забони араби, афзуд; дар ин китоб матлабҳое бо сабки навин ва мунҳасир ба фард, ба ҳамроҳи тасвирҳои муртабит аз мақоми муаззами Раҳбарӣ нигошта шудааст ва шахсияти ишонро ба мухотабони ҷаҳони араб муарифӣ мекунад.

Сивудуввумин намоишгоҳи байналмиллалии китоби Теҳрон бо шиъори  Хондан тавонистан аст то чоруми моҳи май дар Теҳрон барпост.

Барчасп