Раҳбари муъаззами инқилоб: танҳо роҳи ғалаба бар шайтонҳо ва куффор истодагӣ аст
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, иззати рӯзафзун ва пешрафти фавқулодаи миллати Эрон дар чиҳил соли гузашта ба иллати амал ба Қуръон ва истодагӣ будааст ва имрӯз низ танҳо роҳи ғалаба бар шайтонҳо ва куффор истодагӣ аст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ рӯзи душанбе дар маҳфили унс бо Қуръони карим, ки дар остонаи моҳи мубораки Рамазон дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) ва бо ширкати қориён, муноҷотхонон ва мадиҳасароёни қуръонӣ баргузор шуд, аз ниёзҳои асосии имрӯзи башарият ва ҷомеъаи исломиро фаҳми маорифи қуръонӣ ва амал ба он донистанд ва ба таъкиди Қуръон бар муқобила бо истикбору куфру туғёнҳо ва истодагӣ дар муқобили онҳо таъкид карданд.
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ошно набудан бо маорифи қуръонӣ ва амал накардан ба онҳоро аз мушкилоти имрӯзи дунёи ислом баршуморданд ва афзуданд, онҳое, ки аз мавзеъи раиси ҷумҳурӣ ва ё подшоҳ бар сари миллатҳо арбада мекашанд ҳамонҳое ҳастанд, ки Қуръон сироҳатан дастури муқобила бо онҳоро дода ва таъкид кардааст ба онҳо эътимод накунед.
Ишон бо ишора ба ҳаракати бидории исломӣ ва қиёми мардум дар бархе кишварҳо дар чанд соли пеш, хотир нишон карданд, ин ҳаракат ба иллати қадр надонистани он ва эътимод ба Амрико ва режими саҳюнистӣ хомуш шуд, аммо миллати Эрон ба баракати имом Хумайнӣ (раҳ), ки саршор аз маорифи қуръонӣ буд қадри ҳаракат ва инқилоби худро днист ва аз ҳамон рӯзи аввал ба қудратҳои истикборӣ эътимод накард ва дар муқобили онҳо истод.
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар бахши дигаре аз суханони худ, Қуръонро як асари ҳунарии беназир хонданд ва таъкид карданд, унси ҷомеъа бо маорифи қуръонӣ муҷиби истиҳком ва қавоми ҷомеъа дар шаънҳо ва масоили марбут ба ҳаёти дунявӣ ва ҳаёти охират хоҳад шуд.