Ҳушдори Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба душманон дар бораи ҳар гуна таҳарруки эҳтимолӣ
(last modified Wed, 08 May 2019 12:16:24 GMT )
Май 08, 2019 17:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба душманон дар бораи ҳар гуна таҳарруки эҳтимолӣ

Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба душманон ҳушдор дод, ҳар гуна таҳарруки эҳтимолии ононро бо посухи пушаймонкунанда мувоҷеҳ хоҳад кард.

Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе бо таъкид бар лузуми ҳифзи ҳушёрии ҳамаи ҷомеа дар баробари амалиёти равонии душман, омодагии комил ва муқтадиронаи Нерӯҳои мусаллаҳи Эронро барои ҳифозат аз каёни ҷумҳурии исломӣ эълом кард.

Ин баёния ҳамчунин бо ишора ба бадаҳдии Амрико ва кишварҳои аврупоӣ дар қиболи БарҶом меафзояд, низоми ҳоким бар Амрико, ки солҳост рӯ ба завол аст, дар солгарди хуруҷ аз БарҶом ва дар иқдоме нобихрадона, таҳримҳои дигаре ба таҳримҳои гузаштаи худ алайҳи Эрон афзудааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 8 майи соли 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон нисбат ба БарҶом, кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эронро эълом кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз (чаҳоршанбе) бо ишора ба кӯтоҳии кишварҳои ғарбӣ дар иҷрои БарҶом гуфт, Эрон ба тақвияти захоири урани ғанишуда ва оби сангин хоҳад пардохт ва агар аврупоиҳо натавонистанд таҳримҳои якҷонибаи Амрикоро ҷуброн кунанд, Эрон сохти реактори ҳастаиро низ аз сар мегирад.

Рӯҳонӣ хотирнишон кард, кишварҳои боқимонда дар БарҶом шаст рӯз фурсат доранд ба тааҳҳудоти худ дар БарҶом амал кунанд.