Мувофиқати Маҷлиси Шурои исломӣ бо додани тобеъият ба фарзандони занони эронӣ
Намояндагони маҷлиси Шурои исломии Эрон имрӯз ( сешанбе ) бо як модда ва табсираҳои додани тобеъият ба фарзандони ҳосил аз издивоҷи занони эронӣ бо мардони хориҷӣ мувофиқат карданд.
Ба гузориши хабаргузории Маҷлис, бар асоси моддаи як ин тарҳ, фарзандони ҳосил аз издивоҷи занони эронӣ бо мардони ғайри эронӣ,ки қабл ё баъди аз тасвиби ин қонун мутавалид шуда ё мешаванд,қабл аз расидан ба синни 18 соли тамоми шамсӣ ба дархости модари эронӣ ба тобеъияти Эрон дармеоянд.
Бар асоси ин модда,ин фарзандон пас аз расидан ба синни 18 соли тамоми шамсӣ, дар сурати тақозо накрадани модари эронӣ, метавонанд тобеъияти Эронро тақозо кунанд,ки дар сурати надоштани мушкили амниятӣ ба ташхиси Вазорати иттилооти Эрон,ба табаъияти Эрон пазируфта мешаванд