Май 17, 2019 16:39 Asia/Dushanbe
  • Дидори намояндаи Зариф дар умури Афғонистон бо раисҷумҳури ин кишвар

Намояндаи вижаи вазири умури хориҷии Эрон дар умури Афғонистон дар сафар ба Кобул бо раисҷумҳури Афғонистон дидор ва дар бораи масоиле аз ҷумлаи интихоботи ояндаи Афғонистон ва густариши равобити ду кишвар гуфтугӯ кард.

Муҳаммадиброҳими Тоҳириёнфард, намояндаи вижаи вазири умури хориҷии Эрон ва Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон рӯзи ҷумъа дар бораи густариши ҳарчи бештари равобити дуҷониба, санади ҷомеи ҳамкории миёни ду кишвар, масоили иқтисодӣ, интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурии Афғонистон ва масоили амниятӣ табодули назар карданд. Ҳамчунин Тоҳириёнфард дар идома бо Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини ин кишвар низ дидор ва дар бораи раванди сулҳи Афғонистон гуфтугӯ ва табодули назар кард.

 

Барчасп