Таъкиди қатъномаи поёнии рӯзи ҷаҳонии Қудс бар ҳимоят аз ормони Фаластин ва ҷабҳаи муқовимат
(last modified 2019-05-31T11:29:55+00:00 )
Май 31, 2019 16:29 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди қатъномаи поёнии рӯзи ҷаҳонии Қудс бар ҳимоят аз ормони Фаластин ва ҷабҳаи муқовимат

Роҳпаймоён дар қатъномаи поёнии рӯзи ҷаҳонии Қудс, Озодии Қудс, раҳоии миллати мазлум ва бедифоъи Фаластин аз чанголи ишғолгарони Саҳюнист ва талош барои нобудии режими Исроил ро ормони ҷаҳони ислом донистанд.

Ширкаткунандагон дар роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Теҳрон, дар ин қатънома таъкид карданд ;ба ҳимояти ҳамаҷонибаи худ аз ҷабҳаи муқовимат, муқобилаи ҷиддӣ бо нақшаҳои шуми раиси ҷумҳурии Амрико зидди кишварҳои исломӣ идома хоҳанд дод.

Роҳпаймоён дар идома, тавтиаи амрикоии мавсум ба Муъомилаи қарн сарсупордагии сарони муҳофизакори  бархе аз кишварҳои арабӣ барои оддисозии робитаҳо бо режими ҷаълӣ ва ғосиби Саҳюнистӣ ба зоҳир иқтисоди Саҳюнистии амрикоӣ дар Манома  Баҳрайнро маҳкум карданд.

Дар ин баёния ҳамчунин бо эъломи ҳимоят ва пуштибонӣ аз роҳпаймоии Ҳаққӣ бозгашти Фаластиниён омадааст; сукути хиффатбори ҷомиъаҳои муддаъиъи Ҳуқуқи Башар  дар баробари наслкушӣ ва ҷиноятҳои зидди башарии Исроил дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ барои нобудии ҳувият ва таърихи Фаластин муҷиби нафрати мусалмонони ҷаҳон шудааст.

Ширкаткунандагон дар роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс, таъкид карданд; танҳо роҳи ҳалли масалаи Фаластин, тадовуми интифозза, муқовимат баробари истикбори ҷаҳонӣ нафиӣ созиш ва таслим то аз байн рафтани  Исроил,бозгашти оворагони фаластинӣ ва баргузории ҳамапурсии фарогир ва озод барои тазмини ояндаи кишвари Фаластин хоҳад буд.

Роҳпаймоён дар қатъномаи поёнӣ,Амрикоро душмани шумораи яки башарият донистанд ва аҳдшиканӣ ва иқдомоти Амрико дар хуруҷ аз Барҷом, ташдиди таҳримҳои золимона ва қарор додани Ниҳоди  Инқилоби Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ дар феҳристи Созмонҳои террористӣ ро маҳкум карданд.

Барчасп