Лориҷонӣ; роҳбурди Амрико дар шароити кунунии минтақа таҳқири мусалмонон аст
Раиси маҷлиси Шурои исломии Эрон бо баёни ин,ки бисёре аз кишварҳои минтақа нигарони рафторҳои Амрико дар минтақа ҳастанд, гуфт; иқдомҳои ахири Амрико, нишондиҳандаи вусъати тавтиъаи ин кишвар зидди ҷаҳон аст.
Алии Лориҷонӣ дар суханронии пеш аз хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин,ки дар рӯзи ҷаҳонии Қудс миллати Эрон ва тамоми озодагони ҷаҳон аз мардуми Фаластин ва аз ҳувияти Қудси шариф дифоъ карданд, тасриҳ кард; иқдомҳои Амрико дар ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пйтахти режими Саҳюнистӣ, тавҳин ба ҳамаи мусалмонон буд, зеро Байтулмуқаддас қиблаи аввал ва макони бисёр муқаддас барои мусалмонон аст.
Лориҷонӣ,ба иқдоми номашруъи Амрико дар бахшиши Ҷулони ишғолӣ ба режими Саҳюнистӣ ишора кард ва гуфт; роҳбурди Амрико дар шароити кунунии минтақа таҳқири мусалмонон ва дар фишор қарор додани кишварҳои исломӣ бо гирифтани амвол ва манобеъи онҳост.
Вай, таммадуни Амрикоро рӯ ба завол хонд ва гуфт; иллати ин завол ба решаҳои фикрии амрикоҳо дар эҷоди ноҳанҷориҳои байналмиллалӣ боз мегардад чаро,ки рафторҳои нодурусти онон муҷиби нигаронии Фаластиниён дар мавзуъи Муъомилаи қарн шудааст.
Раиси маҷлиси Эрон,афзуд; амрикоиҳо ҳазинаи иҷроӣ кардани Муъомилаи қарн ва пешгири аз бозгашти оворагони Фалстиниро аз киссаи кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс пардохт мекунанд.
Лориҷонӣ, ҳамчунин бо баёни ин,ки қудрати ҷабҳаи муқовимат, бархе давлатҳои арабии минтақаро нигарон кардааст,гуфт; бо қудрат гирифтани ҷабҳаи муқовимат режими Исроил дар ҷанги сиву се рӯза ва чандин ҷанг дар Ғазза шикаст хурд.
Раиси маҷлиси Эрон ҳамчунин ба хуруҷи Амрико аз Барҷом ( 8 моҳи майи 2018) ва иддаъои музокираи нав бо Эрон ишора кард ва гуфт; Эрон дар хусуси тавони мушакӣ ва дифоъии худ музокира нахоҳад кард чаро,ки амрикоиҳо дар паи нотавон кардани меҳвари муқовимат ҳастанд.