Эрон ҳамчунон дар раддаи сеюми футсоли ҷаҳон
Июн 06, 2019 19:32 Asia/Dushanbe
Дар раддабандии ҷадиди тимҳои миллии футсоли ҷаҳон дар соли 2019, ки имрӯз мунташир шуд, тими миллии футсоли Эрон бозҳам раддаи аввали Осиё ва сеюми ҷаҳонро дар ихтиёр дорад.
Дар ин раддабандӣ тими Эрон бо 1663 имтиёз дар раддаи 3 ҷаҳон қарор гирифтааст. Эрон танҳо тими осиёии ҳозир дар миёни 10 тими бартари ҷаҳон аст.
Дар феҳристи тимҳои осиёӣ пас аз Эрон, Ҷопон бо 1388 имтиёз дар раддат дуввум (раддаи 14 ҷаҳон) қарор дорад ва Таиланд бо 1281 имтиёз сеюм (дар раддаи 19 ҷаҳон) аст. Тими Узбакистон бо 1187 имтиёз дар раддаи чаҳоруми Осиё (дар раддаи 28 ҷаҳон) қарор дорад.