Июн 17, 2019 11:29 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ пирӯзиҳои тими миллии волиболи Эрон дар лиги ҷаҳониро табрик гуфт

Раиси ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме пирӯзиҳои тими миллии волиболи Эрон ро дар лиги ҷаҳонии 2019 табрик гуфт.

Ба гузориши ИРНА, Раиси ҷумҳурии исломии Эрон якшанбешаб дар Твиттери худ навишт; дурахшиш ва  пирӯзиҳои сарвқоматони Эрон дар лиги ҷаҳонии волибол,  мавҷе аз   ғурур ва шодӣ дар дили ҳамаи эрониён ба вуҷуд овардааст.

Тими миллии волиболи Эрон асри рӯзи якшанбе дар охирин бози аз ҳафтаи севвуми рақобатҳои лиги миллатҳои волиболи 2019 дар  Урумия дар се даст ( сет ) и пай дар пай тими қудратманди Русия ро шикаст дод.

Тими миллии волиболи Эрон то кунун бо касби ҳашт пирӯзӣ муқобили тимҳои Русия, Лаҳистон, Канада , Италия, Олмон, Чин, Аргентинава Ҷопон ва як шикаст муқобили тими Бразилия бо 24 имтиёз дар ҷойгоҳи нахусти ҷадвали рақобатҳо қарор дорад.

Тими миллии волиболи Эрон дар идомаи ин рақобатҳо дар ҳафтаи чаҳорум, ҷумъа 21 июн дар Ардабил,шимол ғарби Эрон ба масофи Пуртуқол меравад.

Рақобатҳои лиги миллатҳои волиболи 2019 бо ҳузури 16 тим дар ҳоли баргузорӣ аст.

Барчасп