Июн 24, 2019 19:34 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Аврупо тавону иродаи иҷрои тааҳҳудоташ дар БарҶомро надорад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, таъхири дубораи аврупоиҳо дар роҳандозии созукори вижаи молии Аврупо ва Эрон нишон медиҳад, ки онон тавону иродаи лозимро барои иҷрои тааҳҳудоташон дар БарҶом надоранд. 

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи душанбе дар Теҳрон дар ҷамъи хабарнигорон афзуд, созукори вижаи молии Аврупо ва Эрон як гоми муқаддамотӣ буд, ки ҳатто агар ба сурати комил иҷро мешуд, танҳо гӯшае аз иқдомоти Аврупоро, ки дар БарҶом тааҳҳуд карданд, дар бар мегирифт. 

Зариф гуфт, аврупоиҳо ҳар вақт бовар кунанд, ки бояд барои ҳифзи амнияти худ ҳазина кунанд ва ба иҷрои тааҳҳудоташон бипардозанд, Эрон низ мутақобилан дар тасмимоти худ таҷдиди назар мекунад. 

Вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи "муомилаи қарн" низ гуфт, Қудс фурӯшӣ нест ва фаластиниҳо ҳам ҳозир нестанд сарзамин, иззат ва мероси гузаштагонашонро ба фурӯш бирасонанд. Бинобарин, иқдоми Амрико дар иҷрои тарҳи "муомилаи қарн" ҷуз кинаву нафрати мардуми минтақа аз ин кишвар, ҳосили дигаре нахоҳад дошт. 

Зариф ҳамчунин бо ишора ба иқдоми нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар сарнагун кардани ПАҲПОД -и ҷосусии Амрико, ин иқдомро ғурурофарин хонд ва таъкид кард, тамомияти арзии Эрон мавзӯи қобили музокира нест ва хадша ба сарзамини Эрон тавассути ҳар касе бо шадидтарин вокуниш рӯ ба рӯ хоҳад шуд. 

 

Барчасп