Июл 06, 2019 09:49 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи ҳамкории тиҷорӣ байни Эрон ва Покистон

Эрон ва Покистон дар ҳаштумин Кумитаи муштараки тиҷории ду кишвар дар Исломобод, ёддошти тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши ИРНА, бар асоси ин тафоҳумнома,ки рӯзи ҷумъа тавассути Ризо Раҳмонӣ Вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон ва Абдурразоқ Довуд мушовири нахуствазири Покистон дар умури санъат ва тиҷорат имзо шуд, ду тараф дар заминаи ҳамкории бозаргонӣ ба вижа дар минтақаҳои муштараки марзӣ, тавсиъаи фаъолиятҳои дарёӣ ва киштиронӣ ва тиҷорати мутақобил ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Вазири санъат ва тиҷорати Эрон,ки ба Исломобод сафар кардааст,рӯзи ҷумъа бо Умронхон Нахуствазири Покистон низ дидор ва гуфтугӯ кард.

Раҳмонӣ ва Умронхон дар ин дидор бар бораи робитаҳои Эрон ва Покистон ва пешрафтҳои суратгирифта дар ҷиҳати роҳкорҳои муносиби зарфиятҳои муштараки тиҷорӣ табодули назар карданд.

Дар ин дидор ҳамчунин мавзуъи таъсиси ситоди вижаи тасҳили тиҷорати Эрон ва Покистон матраҳ ва тафоҳум шуд то ду кишвар иқдомҳои муштараке дар ин маврид анҷом диҳанд.

Барчасп