Оғози гоми дуввуми коҳиши тааҳудоти барҷомии Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i44971-Оғози_гоми_дуввуми_коҳиши_тааҳудоти_барҷомии_Эрон
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба поёни муҳлати 60 рӯзаи Теҳрон ба аврупоиҳо барои иҷрои тааҳудоти барҷомӣ гуфт, Эрон ба далели инки аврупоиҳо хостаҳои барҷомии Эронро таъмин накарданд гоми дуввумро бармедорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 07, 2019 09:39 Asia/Dushanbe
  • Оғози гоми дуввуми коҳиши тааҳудоти барҷомии Эрон

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба поёни муҳлати 60 рӯзаи Теҳрон ба аврупоиҳо барои иҷрои тааҳудоти барҷомӣ гуфт, Эрон ба далели инки аврупоиҳо хостаҳои барҷомии Эронро таъмин накарданд гоми дуввумро бармедорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саидаббос Ироқчӣ муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз якшанбе дар нишасти хабарии муштарак бо сухангӯи давлат ва сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон дар Теҳрон афзуд, Эрон бандҳое, ки дар БАРҶОМ дар бораи ғилзати ғанисозиро афзоиш хоҳад дод.

Ироқчӣ бо таъкид бар инки раванди коҳиши тааҳудоти Эрон ҳаракате барои ҳифзи БАРҶОМ аст таъкид кард, агар кишварҳо хостаҳои Эронро бароварда накунанд Теҳрон пас аз поёни 60 рӯз гоми севвумро бар медорад.

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, тадовуми таҳримҳои Амрико ва бадъаҳдии аврупоиҳо мумкин аст ба хотимаи ҳузури Эрон дар БАРҶОМ мунҷар шавад.

Ироқчӣ ҳамчунин бо ишора ба дархости Амрико барои ташкили ҷаласаи Шурои ҳуккоми Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ таъкид кард, дар ин миён танзе, ки вуҷуд дорад ин аст, ки амрикое, ки аз БАРҶОМ хориҷ шуда хоҳони ташкили ҷаласаи Шурои ҳукком аст.

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон афзуд, кишварҳои аврупоӣ ва Русия ва Чин нсбат ба ин хостаи Амрико беэътиноӣ кардаанд ва Амрико дар ин арса ҳам мунзавӣ аст.

Алии Рабиӣ сухангӯи давлати Эрон ҳам дар ин нишасти хабарӣ гуфт, Эрон имрӯз аз марзи се ва 67 садуми дарсад барои ғанисозии ураниюм убур мекунад ва миқдори ғилзати ураниюм бар мабнои ниёзи Эрон хоҳад буд.