Июл 07, 2019 16:32 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз сомонаи иртибототи тактикии “Сипеҳр 110” –и Сипоҳи посдорон

Сомонаи иртибототи тактикии “Сипеҳр 110” –и Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бо ҳузури фармондеҳи кулли ин ниҳоди инқилобӣ рӯнамоӣ ва баҳрабардорӣ шуд.

Сомонаи иртибототи тактикии “Сипеҳр 110” –и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки ба ҳиммати донишмандони эронӣ сохта ва рӯнамоӣ шуд, ҳамаи ниёзҳои иртиботии фармондеҳони сутуҳи мухталифи роҳбурдӣ, амалиётӣ, тактикӣ ва размиро дар шароити падофандӣ ва офандӣ, амниятӣ ва дифоӣ ва буҳронҳои нохостае монанди ҳаводиси ғайримунтазира бартараф мекунад.

Суръати боло, инъитофпазирӣ, бакоргирӣ бар рӯйи шиноварҳо ва баҳрабардорӣ дар ҳамаи манотиқи мавриди назар аз вижагиҳои “Сипеҳр 110” аст.

Сомонаи иртибототи тактикии “Сипеҳр 110” ҳамчунин дорои қобилияти муқобила бо ҷанги электрони (сойберӣ - электиронӣ) –и душман ва муқовим дар баробари ҳар навъ иқдом, азҷумла шунуд, ҳак, нуфуз, фиреб ва ихтилол аст.

 

Барчасп