Рӯҳонӣ: Англисҳо оғозгари ноамнӣ дар дарёҳо ҳастанд
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон иқдоми Англия дар тавқифи нафткаши эрониро бисёр кӯдакона, сахиф ва иштибоҳ хонд ва гуфт, англисҳо оғозгари ноамнӣ дар дарё ҳастанд ва табаоти онро дарк хоҳанд кард.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат бо баёни ин ки иқдоми Англия дар тавқифи нафткаши эронӣ ба ниёбат аз Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди саудӣ, Муҳаммад бин Зоид, валиаҳди Иморот ва Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед анҷом шуд, афзуд: “Англисҳо дар ҳоле, ки худашон дар минтақаи Ҷабалутториқ ишғолгар ҳастанд, ба нораво нафткаши эрониро тавқиф карданд”.
Рӯҳонӣ изҳор дошт, ҳама бояд талош кунанд то хутути киштиронӣ дар ҷаҳон аз амнияти комил бархурдор бошад, зеро такрори чунин иқдомоте муҷиби ноамнӣ дар ҷаҳон мешавад ва ба зиёни ҳама хоҳад буд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин дархости Амрико аз Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ барои баррасии иқдомоти Эрон дар БарҶомро достоне хандадор ва бесобиқа донист ва гуфт, амрикоиҳо аз як тараф БарҶомро як тавофуқи бисёр бад медонанд ва бидуни ҳеҷ баҳонае аз он хориҷ мешаванд ва аз тарафи дигар, вақте Эрон бархе аз тааҳҳудоти худро коҳиш медиҳад, аз он ибрози нигаронӣ мекунанд.
Рӯҳонӣ бо баёни ин ки иқдомоти Эрон комилан дар чорчӯби БарҶом аст, афзуд, Эрон 14 моҳ ба аврупоиҳо фурсат дод ва боз ҳам бо иқдоми ҷадиди худ 2 моҳи дигар ба онон фурсат додааст.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо таъкид бар ин ки коҳиши тааҳҳудоти Эрон дар БарҶом раванди рӯ ба афзоиш дорад, гуфт: “Оё ғанисозӣ, ки ҳазорон корбурди сулҳомез дар заминаи улуму фанноварӣ дорад, барои Эрон бад ва барои дигарон хуб аст?”.