Июл 23, 2019 12:26 Asia/Dushanbe
  • Дидори муовини раиси Дафтари сиёсии Ҷунбиши Ҳамос бо муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон

Муовини раиси Дафтари сиёсии Ҷунбиши Ҳамос бо муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дидор кард.

Ба нақл аз ИРНО, муовини раиси Дафтари сиёсии Ҷунбиши Ҳамос дар ин дидор зимни ташаккур аз мавзеъҳои Эрон дар ҳимоят аз Фаластин бар ҳамбастагии ин ҷунбиш бо Эрон дар муқобила бо иқдомоти хасмонаи Амрико ва режими саҳюнистӣ таъкид кард.

Солеҳ Ал-Олверӣ бо ироаи гузорише аз охирин таҳаввулоти Фаластин се мавзӯи асосии маддиназар дар ин дидорро тарҳи Муомилаи қарн ва сарнавишти Байтулмуқаддас, оворагони фаластинӣ ва муҳосираи Ғазза унвон кард ва гуфт, ҳадафи тарҳи саҳюнистӣ-амрикоии Муомилаи қарн, таъмини манофеи ҳаддиаксарии режими ишғолгари Қудс ва тарсими нақшаи минтақае нав бо меҳварияти ин режим аст. Вай бар зарурати муқобила бо ин тарҳи хатарнок ва талоши муштараки кишварҳои исломӣ барои озодии Фаластин ва бозгашти оворагон таъкид кард.

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон низ дар ин дидор бо ишора ба ин ки ҳимоят аз Фаластин бахши ҷудоинопазири ормони инқилоби исломӣ аст бар тадовуми ҳимояти Эрон аз Фаластин ва муқобила бо ҳадафҳои номашруи Амрико ва режими саҳюнистӣ дар минтақа таъкид кард. Саид Аббоси Ироқчӣ гуфт, прожаи Муомилаи Қарн-и амрикоӣ, ки бо ҳадафи поёни масъалаи Фаластин ироа шуда бархоста аз иштибоҳи муҳосиботии Амрико ва режими саҳюнистӣ аст ва ба далели  муқовимати якпорчаи мардуми Фаластин ва меҳвари муқовимат маҳкум ба шикаст аст. Ироқчӣ бар зарурати ташкили эътилофе аз кишварҳои исломӣ барои иттихози мавзеи воҳид дар муқобила бо ин тарҳ ва ҳимоят аз озодии Фаластин таъкид кард.