Тазмини Теҳрон ба Бағдод дар бораи амнияти убури нафткашҳо аз гулӯгоҳи Ҳурмуз
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i45401
Вазири нафти Ироқ эълом кард, раиси ҷумҳури Эрон, ки мизбони нахуствазири Ироқ буд ба вай тазмин дод амнияти тараддуди нафткашҳоро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз таъмин хоҳад кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 25, 2019 11:29 Asia/Dushanbe
  • Тазмини Теҳрон ба Бағдод дар бораи амнияти убури нафткашҳо аз гулӯгоҳи Ҳурмуз

Вазири нафти Ироқ эълом кард, раиси ҷумҳури Эрон, ки мизбони нахуствазири Ироқ буд ба вай тазмин дод амнияти тараддуди нафткашҳоро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз таъмин хоҳад кард.

Ба нақл аз ИРНО, Самир Алғазбон (Thamir Ghadhban) вазири нафти Ироқ изҳороте дар бораи сафири ахири Одил Абдулмаҳдӣ нахуствазири Ироқ ба Теҳрон ва дидори вай бо Ҳасани Руҳонӣ раиси  ҷумҳури Эрон матраҳ кард.

Вазорати нафти Ироқ бо интишори баёнияе ба нақл аз Алғазбон эълом кард, ки раиси ҷумҳури Эрон ба ҳайати ироқӣ ба раёсати Абдулмаҳдӣ тазминҳое додааст.

Дар ин баёния омадааст, ки Руҳонӣ нисбат ба ҳаракати амнияти киштиронӣ дар Халиҷи Форс, гулӯгоҳи Ҳурмуз ва дарёи Уммон ва эҳтиром ба ҳуқуқи байналмиллал ба Абдулмаҳдӣ итминон додааст.

Алғазбон хотирнишон кард, ки тарафҳо ҳамчунин бар ин бовар ҳастанд, ки ба ҷои таниш бояд ба самти ҳалли мушкилот аз тариқи гуфтугӯи ором ва созанда ҳаракат кунанд, ки ин як иқдоми мусбат аст.

Вай бо ишора ба нақши Ироқ барои наздик кардани дидгоҳҳо ва кам кардани шуълаи буҳрон дар минтақа бар аҳамияти гулӯгоҳи Ҳурмуз дар убуру мурури нафткашҳои мтуаллиқ ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таъкид кард.

Ба гуфтаи ин вазири ироқӣ рӯзона беш аз 18 миллион бушка нафт аз гулӯгоҳи Ҳурмуз убур мекунад.

Алғазбон дар поён хотирнишон кард, ки Ироқ аз тариқи гулӯгоҳи Ҳурмуз рӯзона ҳудуди 3 миллиону 400 ҳазор то 3 миллиону 500 ҳазор бушка нафти хом содир мекунад.