Эрон дар руйхатти пешгомони навоварии дунё
Эрон дар руйхатти пешгомони навоварии дунё қарор гирифт.
Ба нақл аз Форс, муассиси маркази минтақаии иттилоърасонии улум ва фанноварӣ гуфт, рутбаи Эрон дар байни кишварҳои бо даромади мутавассит ру ба поин 13 ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ дуввум аст.
Ҷаъфар Меҳрдод бо баёни ин ки дар шохиси навоварии ҷаҳонӣ аз 80 санҷиш истифода мешавад ва мавзӯъ ҳар сол мутафовит аст хотирнишон кард, шохисҳои соли равон ба ояндаи навоварӣ дар пизишкӣ таваҷҷуҳ дорад.
Ба гуфтаи Меҳрдод шохиси навоварии ҷаҳонӣ абзори боарзише аст, ки бар асоси он сиёсатгузорон, корофаринон ва бахшҳои давлатӣ ва хусусии мухталиф метавонанд солона аз пешрафтҳои ҳосил дар арсаҳои навоварӣ арзёбии дақиқе ба амал оваранд.
Вай гуфт, рутбаи Эрон дар ин лист ҷузъи 61 кишвари навовари ҷаҳон аст, ки хеле наздик ба гуруҳи 60 кишвари бартари навовари ҷаҳон қарор дорад.
Меҳрдод бо байёни ин ки хушаҳои бартари улум ва фанноварӣ дар байни 100 кишвари навовар бар ҳасби даромадҳои мутафовит дар кишварҳои Амрико, Чин, Олмон, Бразилия, Ҳинд, Эрон, Русия ва Туркия қарор дорад гуфт, Теҳрон пойтахти Эрон бо касби рутбаи 46 дар хушаи бартари 50 иқтисоди мумтоз қарор дорад.
Вай бо баёни ин ки аз кишварҳои исломӣ Аморот бо рутбаи 36, Туркия бо рутбаи 49 ва Кувейт бо рутбаи 60 пеш аз Эрон рутбабандӣ шудаанд, гуфт, рутбаи Эрон дар кулл 61 ва имтиёзе ки бадаст овардааст 34/43 аст. Рутбаи Эрон дар байни кишварҳои бо даромади мутавассит ру ба поин 13 ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ дуввум аст.
Муассиси маркази минтақаии иттилоърасонии улум ва фанноварӣ гуфт, Қатра, Тунис, Броенӣ, Марокаш, Баҳрайн, Қазоқистон, Уммон, Озарбойҷон, Индонезия, Урдун, Лубнон ва дигар кишварҳои исломие, ки дар ин шохис ба унвони кишварҳои навовар рутбабандӣ шудаанд, рутбае баъд аз Эрон касб кардаанд.