Август 01, 2019 11:24 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: прожаҳои таъсиргузор ва муҳимме барои Озарбойҷони шарқӣ дорем

Раиси ҷумҳури Эрон гуфт, прожаҳои бисёр хуб ва таъсиргузри иқтисодӣ ва иштиғолзо барои Озарбойҷони шарқӣ дорем, ки имрӯз ифтитоҳ мешавад.

Ба нақл аз ИРНО, Ҳасани Руҳонӣ дар бадви вуруд ба Табриз дар фурудгоҳи ин шаҳр изҳор дошт, дар ин сафар прожаҳоеро, ки соли пеш барномарезӣ шуда буд баррасӣ ва гузориши онҳоро эълом мекунем ва бисёре аз онҳо ифтитоҳ мешавад.

Руҳонӣ изофа кард, ифтитоҳҳои бисёр муҳимме дорем, ки ҳам рақами молии хуб ва ҳам асари иқтисодии бисёр зиёде барои вилоят хоҳанд дошт, ки шомили прожаҳои об, барқ ва полоишгоҳ ва дигар маворид аст, ки умедворем барои мардум хайру баракат дошта бошад.

Ба гузориши манбаъ, дар ҷараёни севвумин сафари устонии раиси ҷумҳурӣ ба Озарбойҷони шарқӣ теъдоди 518 тарҳ бо 8 ҳазор миллиард тумон сармоягузории риёлӣ ва 240 миллион евра ифтитоҳ мешавад, ки аз ин теъдод 4 тарҳи аслӣ марбут ба тарҳҳои марзӣ дар ҳавзаи об ва Вазорати нерӯ аст, ки бо ҳузури Ҳасани Руҳонӣ ва ҷамъе аз аъзои ҳайати давлат ба баҳрабардорӣ мерасад.

4 тарҳи умронии ёдшуда тарҳи муҳимми садди Ҳоҷилорчой, баҳрабардорӣ аз оби Арас, садди Худоофарин ва нерӯгоҳи газии 500 мегаватии Ҳарис аст, ки дар маҷмуъ бо 1016 миллиард тумон сармоягузорӣ ва 240 миллион евра сармоягузории арзӣ ба баҳрабардорӣ мерасанд.

Дар дигар ҳавзаҳои умронӣ ва зерсохтӣ низ 370 тарҳ ба арзиши 1300 миллиард тумон омодаи ифтитоҳ ва баҳрабардорӣ ҳастанд, ки ҳашт тарҳи ширкати полоиши нафти Табриз ва тарҳи иқтисодӣ низ дар ҳавзаҳои ҷаҳоди кишоварзӣ ва саноат ва маъдан омодаи ифтитоҳ мебошанд.

Ҳамчунин баҳрабардорӣ аз оби Арас ва имкони ифтитоҳи нерӯгоҳи газии 500 мегаватии Ҳарис дар марҳилаи аввал тавассути раиси ҷумҳури Эрон ба анҷом мерасад.

 

Барчасп