Таъкиди Эрон бар таҳкими робитаҳои ҳамаҷониба бо Африқои ҷанубӣ
Дастёри вежаи раиси Маҷлиси шурои исломии Эрон дар умури байналмиллалӣ дар дидори сафири Африқои ҷанубӣ дар Теҳрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон бар таҳкими равобити ҳамаҷониба бо кишварҳои африқоӣ ба вежа Африқои ҷанубӣ таъкид дорад.
Ба гузориши Садои Хуросон , Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар дидори Вика Мазви Хумало-сафири Африқои ҷанубӣ дар Теҳрон, густариши рафту омадҳои парлумонӣ ва сиёсӣ миёни мақомоти ду кишварро дар тақвияти ҳамкориҳои Эрон ва Африқои ҷанубӣ таъсиргузор хонд.
Амирабдуллоҳиён бо ишора ба эҳтироми вежаи мардуми Эрон ба Нелсон Мандела ба унвони намоди мубориза бо апартиед, мавзеъҳои Африқои ҷанубӣ дар хусуси таҳаввулоти минтақа ва тамаркуз бар роҳи ҳалли сиёсиро сутуд.
Дастёри вежаи раиси Маҷлиси шурои исломии Эрон дар умури байналмиллалӣ ҳамчунин бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳои идомадори Африқои ҷанубӣ аз Фаластин хотирнишон кард: Ин мавозеъ баёнгари ҳушмандии қобили таҳсини дастгоҳи сиёсати хориҷии Африқои ҷанубӣ аст.
Амирабдуллоҳиён афзуд: Иқдомоти таҳрикомези режими ишғолгари саҳюнистӣ алайҳи миллати мазлуми Фаластин, ки натиҷаи рафторҳои ифротгароёнаи раисҷумҳури Амрико дар минтақа аст, поёни хушеро барои саҳюунистҳо рақам нахоҳад зад.
Сафири Африқои ҷанубӣ дар Теҳрон низ дар ин дидор аз нақши муҳим ва созандаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар минтақа ва ҷаҳон қадрдонӣ кард ва гуфт: Густариши муносибот дар ҳавзаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва минтақаӣ бо Эрон, хост ва иродаи мақомоти Африқои ҷанубӣ аст.
Вика Мазви Хумало ҳамчунин аз густариши рафту омадҳои сиёсӣ дар сатҳҳои мухталиф дар ростои тавсеа ва таҳкими равобити байниякдигарӣ истиқбол кард.