Зариф: Амрико наметавонад халиҷи Форсро ноамн кунад
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳифзи амнияти халиҷи Форс талош мекунад ва Амрико наметавонад ноамнӣ барои ин минтақа эҷод кунад.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе дар идомаи ройзаниҳои худ дар Осло, дар нишасти муассисаи мутолеотии умури байналмилали Норвегия (Nupi), дар бораи хатари ҷанг ва ояндаи халиҷи Форс афзуд, Эрон оғозкунандаи ҷанг дар халиҷи Форс нахоҳад буд, аммо аз худ дифоъ хоҳад кард.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳадафи таҳримҳои Амрикоро мардуми Эрон хонд ва бо тавсифи он ба навъе аз терроризм, гуфт, кишварҳо набояд иҷоза диҳанд Амрико барои онон қулдурӣ кунад ва Ҷумҳурии Исломии Эрон зери бори зӯр нахоҳад рафт.
Зариф бо баёни ин ки Эрон бо ҳазору 500 мил соҳил, бузургтарин кишвари халиҷи Форс аст, гуфт, амнияти тангаи Ҳурмуз бидуни Эрон таъмин нахоҳад шуд ва кишваре низ наметавонад дар ин минтақа ноамнӣ эҷод кунад. Зимни ин ки Эрон омодаи таомул бо дигар кишварҳо барои таъмини амнияти минтақа аст.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар бораи сафараш ба Фаронса афзуд, дар ин сафар пешниҳодҳои раисҷумҳури Фаронса дар хусуси БарҶом баррасӣ ва дар бораи он гуфтугӯ хоҳад шуд.
Вазири умури хориҷаи Эрон, ки акнун дар кишвари Норвегия ба сар мебарад, шомгоҳи як шанбе (18 август) бо ҳадафи баррасии равобити дуҷониба ва низ ташреҳи сиёсатҳои Теҳрон дар қиболи БарҶом ва минтақаи ғарби Осиё, сафари худро ба кишварҳои аврупоии Финляндия, Шветсия ва Норвегия оғоз кардааст.