Сентябр 04, 2019 18:49 Asia/Dushanbe
  • Тавқифи 7 киштии сайёдӣ дар ҷануби Эрон бо 24 хадамаи хориҷӣ

Равобити умумии Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоияе аз тавқифи 7 киштии сайёдии “Тrawl” дар минтақаи Ҷоск, дар ҷануби Эрон хабар дод.

Дар ин иттилоия омадааст, 7 шиновари сайёдии “Тrawl”, ки 24 хадамаи он хориҷӣ ҳастанд, ба далели риоят накардани фосилаи муҷоз аз соҳил барои сайёдӣ ва тахаллуфи сайди обзиён, тавассути шиноварҳои Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ тавқиф ва ба манзури идомаи раванди расидагӣ ба парвандаи тахаллуф, таҳвили мақомоти қазоии Эрон шуданд.

“Тrawl”  - тури моҳигирии бузурге ба шакли қиф аст, ки сайёдон ба василаи кашидани тур дар об тавассути як ё чанд шиновар моҳигирӣ мекунанд.

Дар ин иттилоия бо баёни ин ки шиноварҳои тавқифшуда 222 тон анвои обзиёнро сайд кардааст, таъкид шудааст, Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон бо роҳандозии басиҷи дарёӣ ва гаштҳои шиноварӣ, бо ҳар гуна тахаллуф дар ҳавзаи сайёдӣ, ки маишат ва зиндагии мардуми минтақаро бо чолиш ва мушкил мувоҷеҳ кунад, бо ҷиддият бархурд мекунад.

 

Барчасп