Рӯҳонӣ: Гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти ҳастаиро ҷумъа бармедорем
Раисҷумҳур дар поёни нишасти сарони се қувва эълом кард, Эрон гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомиро аз рӯзи ҷумъа бар хоҳад дошт.
Ҳуҷҷатулислом Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳур дар поёни нишасти сарони се қувва эълом кард, ки Эрон гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомиро аз рӯзи ҷумъа бар хоҳад дошт ва дар чорчӯби он Созмони энержии атомии Эрон бояд ҳар он чӣ кишвар дар заминаи таҳқиқ ва тавсеаи фанноварии ҳастаӣ ниёз дорад, иқдом кунад.
Вай гуфт, иқдомоти Эрон дар чорчӯби муқаррароти ожонс хоҳад буд ва мӯҳлати 60 рӯзаи дигаре пеши рӯйи Аврупост ва ҳар замон ба тааҳҳудоти худ баргарданд, мо ҳам ба тааҳҳудоти барҷомӣ бармегардем.
Рӯҳонӣ бо қадрдонӣ аз истодагӣ ва муқовимати миллат тайи 16 моҳи гузашта дар баробари фишорҳои иқтисодии душманон гуфт, сарони қуво таъкид доштанд, ки бояд фазои муносибтареро барои мардум ба вуҷуд биоварем ва ин фазои муносиб аз як тараф бояд фазои тавлид ва фаъолияти иқтисодӣ бошад ва аз тарафи дигар фазое бошад, ки дар он мардум бидонанд аз тарафи низом ва ҳамаи қуво, бо инҳироф, фасод ва ба яғмо бурдани байтулмоли мусулмонҳо бархурди қотеъ мешавад.
Раисҷумҳур дар идома ба баҳси музокироти ҳастаӣ ишора кард ва гуфт, амрикоиҳо аз 16 моҳи пеш се ҳадафро думбол мекарданд. Ҳадафи муҳим ва аввалияи онҳо тағйири низом буд ва ҳадафи баъдӣ ин буд, ки агар натавонистанд ба ҳадафи нахуст даст ёбанд, низомро тазъиф кунанд ва севумин ҳадафи онҳо низ ин буд, ки музокираеро ба наҳве, ки худашон бихоҳанд, бар мо таҳмил кунанд. Музокирае, ки тавъам бо таҳрими шадид бар Эрон бошад то ба ин тартиб қудрати чоназании онҳо афзоиш ёбад.
Рӯҳонӣ гуфт, тардиде нест, ки Амрико дар сиёсатҳои тағйир, тазъиф ва таҳмили музокира, дучори шикаст шуда ва хоҳад шуд ва роҳе барояш вуҷуд надорад, ҷуз ин ки ба қонун, тааҳҳудот ва муқаррароти байналмилалӣ баргардад.
Вай хотирнишон кард, ба далели ин ки баъд аз хуруҷи Амрико 4+1 натавониста буданд ба тааҳҳудоти худашон амал кунанд, роҳеро, ки аз 4 моҳи пеш аз тарафи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи БарҶом интихоб кардем, коҳиши тааҳҳудот буд, ки эълом шуд.
Раисҷумҳур изофа кард, марҳалаи аввали коҳиши тааҳҳудотро анҷом додем, баъд 2 моҳ ба 4+1 фурсат додем, марҳалаи дувумро ҳам амалӣ кардем ва боз 2 моҳи дигар ба онҳо фурсат додем, албатта дар ҳар 2 моҳ, музокироте бо кишварҳои 4+1 ва аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо ва махсусан 3 кишвари аврупоӣ доштем, аммо чун ба натиҷаи матлуби худамон нарасидем, иншоаллоҳ гоми севум аз пасфардо бардошта мешавад.
Рӯҳонӣ бо ишора ба иқдомоти анҷомшуда дар заминаи коҳиши тааҳҳудот дар гоми севум изҳор дошт, дар гоми севум Созмони энержии атомии Эрон муваззаф аст дар заминаи таҳқиқ ва тавсеаи ҳар он чӣ ниёзи фаннии кишвар аст, билофосила шуруъ кунад ва тамоми тааҳҳудоте, ки дар заминаи таҳқиқ ва тавсеа дар БарҶом мадди назар бударо канор бигузорад ва шоҳиди густариш дар ҳавзаи таҳқиқ ва тавсеа дар заминаи анвои сонтрифужҳои ҷадид ва ҳар он чӣ ки барои ғанисозӣ ниёз доремро Созмони энержии атомӣ анҷом диҳад ва шоҳиди суръати амал дар ин замина бошем.