Сентябр 16, 2019 21:25 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Равобити Теҳрон - Анкара дӯстона, мустаҳкам ва рӯ ба густариш аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон равобити Теҳрон - Анкара дар заминаҳои гуногунро дӯстона, мустаҳкам ва рӯ ба густариш донист.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи душанбе дар ҳошияи панҷумин даври иҷлоси сеҷонибаи сарони Эрон, Русия ва Туркия дар Анкара, дар дидор бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, бо баёни инки ду кишвар дар шароити мухталиф дар канори ҳам истодаанд гуфт, Эрон ва Туркия бо вуҷуди мушкилот ба равобити иқтисодии ҳамаҷонибаи худ идома хоҳанд дод.

Рӯҳонӣ бо таъкид бар инки густариши ҳамкори тиҷории Эрон ва Туркия бо истифода аз пули миллӣ дар муносиботи иқтисодии ду кишвар таҳаррук ва ҷаҳиш эҷод мекунад, афзуд, Эрон аз ҳузури сармоягузорон ва бахши хусусии Туркия дар иҷрои проектҳои муштарак истиқбол мекунад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо баёни инки ҳифзи амнияти оброҳҳои минтақаи Халиҷи Форс, Дарёи Уммон ва Тангаи Ҳурмуз ҳамвора барои Эрон ба унвони бузургтарин кишвар соҳилӣ мавриди таваҷҷуҳ будааст, изҳор кард, Эрон худро муваззаф ба таъмини амнияти оброҳҳои минтақаӣ медонад.

Рӯҳонӣ, ҳамалот ба Яманро натиҷаи муҳосиботи иштибоҳ ва нишонаҳои ғалати Амрико донист ва хотирнишон кард, ҳама бояд талош кунанд то бо мушорикати Созмони Милали Муттаҳид, субот ва оромиш ба Яман бозгардад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия низ дар ин дидор бо ишора ба равобити дӯстона, бародарона ва рӯ ба тавсеаи Эрон ва Туркия гуфт, ҳамкории тиҷорӣ байни ду кишвар бо истифода аз пулҳои миллӣ рушди қобили мулоҳизае доштааст ва ин раванд идома хоҳад ёфт.

Эрдуғон бо баёни инки таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ғайри созанда аст таъкид кард, Эрон ва Туркия дар рӯзҳои сахт дар канори ҳам истода ва хоҳанд истод.

 

Барчасп