Сентябр 17, 2019 22:24 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқҳои Рӯҳонӣ ва Эрдуғон дар Анкара

“Равобити Эрон ва Туркия ҳамвора самимона ва бародарона буда ва ду давлат ва мардум ду кишвар дар шароити мухталиф дар канори ҳам истодаанд”.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар ҳошияи панҷумин даври иҷлоси сеҷонибаи сарони Эрон, Русия ва Туркия дар Анкара, дар дидор бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳур Туркия, бо баёни ин нукта, аз оғози марҳалаи тозае аз равобити Эрон ва Туркия хабар дод.

Рӯҳонӣ бо таъкид бар ин ки густариши ҳамкории тиҷории Эрон ва Туркия бо истифода аз пули миллӣ дар муносиботи иқтисодии ду кишвар таҳаррук ва ҷаҳиш эҷод мекунад, афзуд: Эрон аз ҳузури сармоягузорон ва бахши хусусии Туркия дар иҷрои проектҳои муштарак истиқбол мекунад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳурии Туркия низ дар ин дидор бо ишора ба равобити рӯ ба тавсеаи Эрон ва Туркия, бо баёни ин ки таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ғайрисозанда аст, таъкид кард: Эрон ва Туркия дар рӯзҳои сахт дар канор ҳам истода ва хоҳанд истод.

Ҳамкории тиҷорӣ байни ду кишвар бо истифода аз пулҳои миллӣ дар як соли гузашта рушди қобили мулоҳизае доштааст.

Абдунносир Ҳимматӣ, раиси кулли Бонки марказии Эрон мизони мубодилоти тиҷории Эрон ва Туркия бар асоси пули миллии ду кишварро дар ҳоли ҳозир 34 дарсад эълом кардааст. Интизор мерравад, ки бо баргузории бистуҳафтумин комиссияи муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Туркия дар рӯзҳои оянда, фурсатҳои тозае барои тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои фимобайн дар ҳавзаҳои мухталиф фароҳам шавад.

Дар ин чорчӯб, ташкили шаҳракҳои санъатии муштарак дар манотиқи марзӣ яке аз гомҳои муҳиме маҳсуб мешавад, ки нақши зиёде дар тавсеа ва рифоҳи мардуми минтақа низ хоҳад дошт.

Муҳаммад Принчак, коршиноси турк муътақид аст, туркия, Русия, Эрон ва ҳамчунин ҷумҳурии Озарбойҷон метавонанд як иттиҳоди қудратманди иқтисодӣ эҷод кунанд, ки ба унвони як зомини амният дар кулли минтақа табдил шуда ва ангезае барои тавсеа ва равнақи он шавад.

Эрон, Русия ва Туркия дар як ҳамкории роҳбурдӣ дар мубориза бо ДИИШ ва терроризм, дар канори давлат ва миллати Сурия будаанд. Аз ин дидгоҳ муносиботи се кишвар аз аҳамияте чандваҷҳӣ бархурдор аст. Ин ҳамкорӣ акнун низ бо тамоми зарфият идома дорад. Дар ҳамин хусус, сарони се кишвари Эрон, Русия ва Туркия дар панҷумин давр аз ройзаниҳои худ, дар чорчӯби раванди музокироти Остона изҳор доштанд: Бояд ба давлати Сурия барои мубориза бо боқимондаи террористҳо, ба вижа минтақаи Идлиб ва шарқи Фурот кумак кард ва ҳамкориҳо то решакан шудани терроризм дар минтақа идома ёбад. Дар ҳамин росто, амири сартип Амир Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, ки ба ҳамроҳи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Анкара сафар кардааст, дар дидор бо Хулуси Акар, вазири дифои Туркия дар бораи масоили амниятӣ ва дифоии минтақа табодули назар кард.

 Моҳияти музокироти Остона, дар воқеъ талош барои ҳалли ихтилофот дар Сурия аст. Эрон, Русия ва Туркия бо таъкид бар ҳифзи якпорчагии Сурия, мухолифи тақсими ин кишвар ва эҷоди иқлимҳои ғайриқонунӣ ва манотиқи “хокистарӣ” барои ташкили гурӯҳҳои террористии мухталиф дар қаламрави он ҳастанд. Аз ин рӯ, се кишвари зомини оташбас дар Сурия бар идомаи талошҳои Созмони Милал барои тақвияти музокироти сурӣ -сурӣ барои ҳалли ихтилофот дар ин кишвар таъкид доранд.

Эрдуғон дар арзёбии натоиҷи ин ҳамкорӣ мегӯяд, ҳамкориҳои сеҷониба дар қолаби раванди Остона то кунун натоиҷи бисёр хубе барои суботу амнияти Сурия ва минтақа дошта ва тавофуқоти се кишвар аз фоҷеаи инсонӣ дар манотиқи мухталиф ҷилавгирӣ кардааст.

Илова бар ин дастовардҳо, пешрафтҳои қобили таваҷҷуҳе низ барои густариши ҳамкориҳо дар бахши дифоӣ миёни се кишвар ҳосил шудааст. Маҷмӯаи ин муаллафаҳо ва меҳварҳои музокироти руасои ҷумҳурии Эрон, Туркия ва Русия нишон медиҳанд, ки дар батни ҳамкориҳои сеҷониба, заминаҳои муҳим ва роҳбурдӣ барои тавсеаи муносибот вуҷуд дорад, ки дар идомаи раванди истодагӣ дар муқобили сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи Амрико дар минтақа нақше таъйинкунанда дорад.