Cолрӯзи оғози ҷанги таҳмилӣ - намоиши иқтидори низомии Эрон
31 - уми шаҳривармоҳ, баробар бо 22 сентябр, солрӯзи оғози ҷанги таҳмилӣ аст.
Артиши мутаҷовизи режими Саддом (диктатори маъдуми Ироқ) 39 сол қабл дар чунин рӯзе бо чароғи сабзи Амрико ва бо ҳимояти молии Арабистону Кувайт таҳоҷуми густардаеро алайҳи Эрон оғоз кард. Саранҷом ин ҷанг пас аз 8 сол, аммо шикасту хорӣ барои эътилофи душманону сарбаландиву иззат барои миллати Эрон буд.
Ҷанги таҳмилӣ бо ҳамаи сахтиҳову фишорҳо ба як таҷрибаи гаронқадр аз истодагӣ ва муқовимат табдил шуд. Ин дастоварди бузург фасле мондагор дар торихи миллати Эрон пас аз пирӯзии инқилоб аст.
Миллати Эрон дар ҳоле Ҳафтаи дифои муқаддасро ба ёди 8 соли пойдорӣ дар муқобили ҳуҷуми душманон гиромӣ медорад, ки маҷмӯаи Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, иборат аз артиш, сипоҳ, басиҷ ва нерӯи интизомӣ бо қудрат дар муқобили аносуре, ки амнияту суботи кишварро таҳдид мекунад, истодаанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар баёноте, ки дар дидори ҷамъе аз фармондеҳони олирутбаи низомиву интизомии даврони дифои муқаддасро мояи обрӯ барои миллати Эрон дониставу таъкид мекунанд: “.. Бо вуҷуди он ки ҳазинаҳои моддиву маънавии ҷанги таҳмилӣ боло буд, аммо дастовардҳои миллати Эрон дар ҳашт соли Дифои муқаддас муқобили ҳазинаҳои бисёр азиме аст. Таҷрибаи ҳашт соли Дифои муқаддас нишон дод, ки бо вуҷуди ҳамаи тангноҳову фишорҳо ва набуди эътибороти моливу мушкилоти фаровон, метавон муқобили зӯргӯӣ ва таваққуоти беҷои қудратҳои ҷаҳонӣ истод ...”.
Эрон аз назари қудрати боздорандагӣ ва ҳатто таҳоҷумӣ акнун зарфияти онро дорад, ки муқобили ҷараёнҳои ноамнкунанда дар минтақа биистад. Дар ин росто тавони бумии мушакии Эрон яке аз пояҳои қудрати Ҷумҳурии исломии Эрон маҳсуб мешавад.
Сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи шанбе дар маросиме ифтитоҳи нахустин намоишгоҳи паҳподҳои соқитшудаву ғанимат гирифташуда аз Амрико дар Теҳрон гуфт, ҳар кишваре ки ба Эрон ҳамла кунад, майдони аслии набард он кишвар хоҳад буд.
Сардор сартипи посдор Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи Нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ низ мегуяд: “Имрӯз, баъд аз 40 сол аз пирӯзии инқилоби исломӣ ва дар сояи таҳдидоти бешумори душманон, Эрон дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла дифоиву низомӣ ба пешрафтҳои чашмгире даст ёфтааст”.
Акнун Эрон ба унвони чаҳорумин қудрати мушакии ҷаҳон шинохта мешавад.
Максим Шевченко, раиси Маркази мутолеоти Ховари Миёнаи Русия дар бораи қудрати дифоии Эрон мегӯяд: “Эрон тавонмандтарин артиши минтақаи Ховари Миёнаро дорад ва нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар муваффақ ба тавлиди анвои таслеҳоти пешрафта шудаанд, ки дар размоишҳои нерӯҳои эронӣ шоҳиди истифода аз онҳо ҳастем”.
Пурвозеҳ аст, ки ҳар душмане бо тавваҷуҳ ба ин тавонмандиҳо ночор аст, ки пеш аз ҳамла ба Эрон, қудрати боздорандагӣ ва дифоиву таҳоҷумии Эронро дар муҳосиботи худ ба таври ҷиддӣ лиҳоз кунад то битавонад ҳазинаву фоидаи ношӣ аз ҳар гуна таарруз ба Эронро воқеъбинона арзёбӣ кунад.
Дар арзёбии ин ақтдор ду нуктаи муҳим вуҷуд дорад:
Нуктаи аввал, тасбити нақши роҳбурдии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар дифоъ аз амният ва муқобила бо таҳдидҳои сахт аст.
Нуктаи дувум, вуруди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба марҳалаи ифои нақши роҳбурдӣ дар сатҳи боздорандагӣ аст. Ин сатҳ аз қудрати низомӣ дар ҳифзи суботу амният ва сулҳи минтақаӣ нақши таъинкунандае дорад.
Ҷумҳурии исломии Эрон ҳеч гоҳ ба дунболи ҷангафрӯзӣ дар минтақа набудааст, аммо дар муқобила бо душман ва дафъи таҳдидҳо мунфаил несту бо авомилу аносури барҳамзанандаи амният бархӯрде сахту шикананда мекунад. Зеро барои зиндагӣ дар сулҳу амният бояд қавиву дар муқобили таҳдидҳо боздоранда буд.
Аз ин рӯст, ки Эрон дар роҳбурди дифоияш мутаносиб бо ташхиси сатҳи таҳдидҳо пеш меравад. Паёми режаи имрӯзи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар оғози ҳафтаи дифои муқаддас низ ёдовари ҳамин нукта аст.